ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Дар роҳҳо аз туман ва яхбандӣ эҳтиёт шавед

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳудуди ноҳияҳои кӯҳӣ, навоҳии  тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ рӯзҳои наздик фаромадани туман ва яхбандӣ, бахусус дар роҳҳои кӯҳӣ дар назар аст. Дар ин рӯзҳо хатари резиши санг низ боқӣ мемонад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Туман хатари ҷиддӣ барои ронандагон аст. Ин ҳодисаи табиӣ дидани пеши роҳ ва атрофи нақлиётро хеле маҳдуд намуда,  боиси зиёд шудани шумораи бархӯрд ва дигар фалокатҳо дар роҳ мегардад.

Дар робита ба ин, Кумитаи мазкур ба ронандагон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми сафар ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд. Дар хотир бояд дошт, ки гарави асосии бехатарии ҳаракат дар шароити туман хеле паст кардани суръати мошин мебошад.

Инчунин ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунанд, ба ҳолати техникии мошин, бахусус системаи тормоз, ҳолати чархҳо ва мутобиқати онҳо ба мавсим таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

АМИТ «Ховар»/

Tags: