Давлати Қатар барои соли таҳсили 2022-2023 бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо намудааст

Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон мерасонад, ки «Фонди рушди Қатар»-и Давлати Қатар барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022-2023 бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо намудааст.

Ба иттилоъ манбаъ, давраи бақайдгирӣ тариқи онлайн сурат мегирад.

Довталабон маълумот оид ба стипендия, тартиби қабул ва қоидаҳои таълимро аз  вебсайти htpp://qatarscholarships.qa/ дастрас карда метавонанд.

Инчунин метавонанд бо телефони 2-23-23-59 ва почтаи электронӣ: mbb-2008@mail.ru муроҷиат намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: