Имрӯз Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид бо директори иҷроияи ширкати малайзии “Акуйла Эмас” Аҳмад Нуршаҳризан ибни Муҳаммад Исо мулоқот намуд.
Дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати малайзии “Акуйла Эмас” дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ шуданд.
Нахуст Раиси Кумита оид ба сохтору фаъолият, хусусият ва моҳияти шабакаҳои телевизионию радиоии мамлакат маълумот дод.
Аҳмад Нуршаҳризан ибни Муҳаммад Исо иттилоъ дод, ки Ширкати малайзии Акуйла Эмас соли 2005 таъсис ёфта, ба истеҳсоли филмҳои бадеӣ, телевизионї, сериалҳо, филмҳои мустанад, сафарномаҳо, маҷаллаҳои телевизионӣ, контенти брендӣ, видеороликҳои корпоративӣ ва ғайра машғул аст ва омодааст, дар самтҳои мазкур бо Кумита ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар масъалаҳои табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ, таҳияи филмҳои бадеию мустанад, барнома ва маҷаллаҳои телевизионӣ ҳамкориро ба роҳ монанд. Бахусус таҳияи филмҳои мустанад дар бораи имконоти сайёҳии Тоҷикистон ва филмҳои аниматсионӣ барои кӯдакону наврасон маъқул дониста шуд.
Котиби матбуоти Кумита
Иброҳим Аҳмад