Маросими пӯшидашавии машқҳои тактикии «Кобалт-2021» баргузор гардид

19 ноябр дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод» маросими пӯшидашавии машқҳои махсуси тактикии «Кобалт-2021» таҳти унвони «Банақшагирӣ ва гузаронидани амалиёти махсус барои нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ» баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумурии Тоҷикистон.

Маросими пӯшидашавии машқҳои махсуси тактикии «Кобалт-2021» дар майдони сафороӣ бо намоиши яроқу аслиҳа доир гардид. Сипас, аъзои ситод ҷараёни  гузаронидани машқҳои махсуси тактикиро назорат намуда, ба баргузории чунин амалиёти дастаҷамъӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои террористию безараргардонӣ баҳои баланд доданд. Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумурии Тоҷикистон,  генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода ба иштирокчиён барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани машқҳои муштарак ҷиҳати пешгирии амалҳои террористӣ изори сипос намуд.

Ба иштирокчиёне, ки маҳорати хуб нишон доданд, аз тарафи намояндагони аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ медалу Ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Дар ин машқҳо воҳидҳои таъиноти махсуси вазоратҳои корҳои дохилӣ ва Қувваҳои зудамали оперативии давлатҳои СААД, аз ҷумла намояндагони Федератсияи Русия ва Тоҷикистон, Арманистон, Беларусия, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки машқҳои махсуси тактикии «Кобалт-2021» аз 15 то 19 ноябри соли равон дар сатҳи баланди  ташкилӣ гузаронида шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: