26 октябр мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода бо сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия Ҳасан Йигит баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар доданд аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Аламшозода мулоқоти мазкурро иқдоми муҳим дар самти роҳандозии ҳамкории дуҷонибаи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Туркия арзёбӣ намуд.
Ҳасан Йигит иброз дошт, ки яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин вусъат ёфтани терроризм аст. Ин ҳолат моро водор месозад, ки тамоми имконоти мавҷударо дар муқобили хатарҳои замони муосир истифода бурда, дар якҷоягию ҳамбастагӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза барем.
Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти робитаҳои касбӣ изҳори боварӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия бо роҳбарии сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия Ҳасан Йигит барои иштирок дар ҷаласаи 6-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккилона, маводи нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст.
Ҷаласаи мазкур 26 октябр оғоз шуда, имрӯз ҷамъбаст мегардад. Бояд зикр намуд, ки дар доираи ҷаласа ҳайати мазкур ҳамчунин аз Академияи ВКД ва дигар ҷойҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе боздид ба амал меоранд.
АМИТ «Ховар»