Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон мусобиқаи интихобии ҶО-2022-ро бо як ғалабаву як бохт ҷамъбаст намуд

Шоми  дирӯз  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе   бозии  даври ниҳоӣ ва ҳалкунандаи   Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои  мунтахаби занонаи Тоҷикистон  бо  Ветнам хеле ҷолиб   баргузор  гардид. Бонувони футболбози тоҷик аз рақиби пурқуввати  худ — дастаи   мунтахаби занонаи    Ветнам  бо ҳисоби  калони 7:0 мағлуб  шуда, аз идомаи мусобиқа дар марҳилаи   ниҳоии чемпионати Осиё  маҳрум  гардиданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Баъди ин  вохӯрӣ дастаи  мунтахаби занонаи  Ветнам ба финали Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022  роҳхат  ёфта, бо дастаи мунтахаби занонаи  Индонезия рақобат мекунад. Чанд рӯз пеш дастаи   мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол  дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» бар дастаи мунтахаби занонаи  Малдив бо ҳисоби калони  4:0 ғалаба карда буд. Дар ин  сабқати ҷолиб  голҳои дастаи   мунтахаби занонаи Тоҷикистонро Лайло Ҳалимова, Некубахт Худододова ва Наталя Сотникова ба нишон расонида, пирӯзии дастаашонро таъмин намуда буданд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё -2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона

Гурӯҳи «В». Даври 2-юм

Тоҷикистон – Малдив – 4:0

Голҳо: Лайло Ҳалимова, 2 (1:0). Некубахт Худододова, 13 (2:0). Лайло Ҳалимова, 24 (3:0). Наталя Сотникова, 58 (4:0).

Даври 3-юм

29 сентябр (чоршанбе)

Ветнам – Тоҷикистон-7:0

АМИТ «Ховар»

Tags: