Тоҷикистон ва Покистон ба ифоқа расиданд, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни «Толибон»* ва тоҷикони Афғонистон мусоидат хоҳанд кард. Дар ин бора имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон изҳор доштанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон, аз ҷумла изҳор доштанд, ки зимни баррасии вазъи имрӯзаи минтақа қазияи Афғонистон дар маркази диққати ҷонибҳо қарор дошт.
Вазъи кунунӣ дар он кишвар нигаронкунанда арзёбӣ гардид.
Бино ба суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамсоякишварҳои Афғонистон ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвари азиятдида беш аз ҳама манфиатдоранд ва ба эҳёи иқтисоди миллии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.
«Мо бар онем, ки ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон, ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, хоссатан барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад», — изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон.
Дар ин зимн, изҳори умед карда шуд, ки сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчӣ зудтар барқарор гардида, манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта мешаванд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расониданд, ки Давлати Тоҷикистон ҷонибдори ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки намояндагони тамоми гуруҳҳои иҷтимоӣ мебошад.
Ҳамзамон таъкид намуданд, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.
«Сулҳу субот дар Афғонистон фақат бо ҳамин роҳ таъмин мегардад», — изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид бар он намуданд, ки ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабар доданд, ки Тоҷикистон ва Покистон барои расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар хоҳанд кард.
«Мо ба ифоқа расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни «Толибон»* ва тоҷикон мусоидат хоҳем намуд», — гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон.
Бекназар АБӮБАКР,
АМИТ «Ховар