Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалии ISI Junior аз фанни технологияи иттилоот сазовори ҷойҳои 2 ва 3 гардиданд. Соли оянда тибқи хулосаи Кумитаи тадорукоти олимпиадаи мазкур мизбони баргузории Олимпиадаи ISI Junior шаҳри Душанбе дониста шуд.
Тавре аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Олимпиадаи байналмилалии ISI Junior аз ҷониби Федератсияи Россия аз 1 то 10 июли соли равон баргузор гардида, дар он байни наврасони то 15-сола иштирок намуданд.
Олимпиада тариқи онлайн баргузор гардида, дар он зиёда аз 11 давлати дунё бо шумораи умумии 180 нафар хонандагон — барномасозони то 15- сола иштирок ва сабқат намуданд. Дар олимпиадаи мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт низ иштирок намуда, ҷойҳҳои намоёнро сазовор гардиданд.
АМИТ «Ховар»