Ба созмонҳои террористию экстремистии фаромиллӣ ҳамдаст будани Ҳизби Наҳзати Исломи

Дар замони муосир терроризми диннӣ як шохаи асосии фаъолияти гурӯҳу ташкилотҳои ифротиву иртиҷоӣ гардидааст, ки мутаасифона паёмадҳои ногувори он боиси ба ҳалокат расидани ашхоси гуногун, хусусан наврасону кӯдакон гардида истодааст. Амали мудҳиши террористии тӯли чанд рӯз ба вуқуъпайваста дар мактаби духтаронаи шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  дар моҳи мубораки Рамазон ва арафаи Иди Саиди Фитр бори дигар собит сохт, ки ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ, экстримистӣ душмани ашадии дини мубини Ислом ба шумор мераванд. Ин бонги изтироб ба Ташкилоти террористии экстримистии ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ки тарғиботи ҷосусонаи хешро берун аз кишвар дар сарзамини Аврупо ба роҳ монда истодаанд. Ҷойи шакку шубҳа нест, ки дар амалҳои террористии шаҳри Кобули Афғонистон аъзои ин Ташкилоти террористӣ, ки дар хоки ин кишвар низ лонаи худро доранд, ҷой дошта бошад. Ин ҳодисаҳо барои ашхоси гумроҳ, манќур ва дур аз андешаи созгор, бедину фурухташуда як ҳолати муқаррарӣ асту бас.

Роҳбарони Ташкилоти террористии экстремистии ҳизби наҳзати исломи, минҷумла Кабирии хоин ва террористи номӣ ин ҷаҳолатро қаблан болои сари мардуми бечораи Тоҷикистон дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки маҳсули дасти хоҷагони хориҷии онҳо буд, ба вуҷуд оварданд. Чун онҳо ғуломи ҳалқабардӯши хоҷагони хориҷиашон ҳастанду бо ваъдаи ба даст овардани манфиат омодаи анҷом додани пастарин аъмол ва мудҳиштарин ҳодисаҳо барои мардуми бегуноҳ мебошанд. Чунин афрод тибқи пешгӯиҳое, ки равоншиносон изҳор медоранд гӯё аз ҷиҳати психологӣ ва ё худ равонӣ бемор ҳастанд. Вуҷуди ин ашхоси бедину беимон ва дур аз фаросати инсонӣ аслан, аз муҳаббуту садоќат холӣ аст. Агар медошт, пас то ин ҳад барои духтарони фариштахӯи ташнаи илмбудаи шаҳри Кобули Афғонистон чунин амалҳои мудҳишро раво намедиданд. Аз ин ҳодисаи ҷонсўзи зиддибашарӣ тамоми мардуми солимфикр афсўс мехўранду онро ќотеона маҳкум менамоянд, ба ҷуз созмонҳои ифротӣ, ба монанди ҲНИТ. Ин маънои онро дорад,  ки воќеан Ҳизби Наҳзати Исломи бо чунин созмонҳои террористиву ифротии фаромиллӣ ва зиддибашарӣ ҳамдаст мебошад. 

Акнун дигар куҷо ҷойи сухан аст, ки Шумо бадхоҳони миллату дину мазҳаб сароғози суханатонро бо Бисмиллиоҳ шурӯъ мекунеду аз Худову Расул ҳарф мезанед. Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба дили модарони чашминтизори фарзандон, ки мунтазир буданд  ҷигарбандонашон пас аз хотима ёфтани соати дарсӣ ба хонаҳояшон бармегарданд, онҳоро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидед, ки ҳатто модаронашон имкони дарёфт кардани ҷасадҳояшонро накарданд. Магар ҳамин аст натиҷаи аз номи дину Худову Расул ҳарф задани шумо?! Бадбахтона, Ташкилотҳои террористӣ ба мисоли Ҳизби наҳзати исломи аз ҳамин усул кор гирифтаанд, ки ба доми ҷоҳилонаи хеш афроди зиёдро ҷалб намуда, гумроҳ ва ғарқи ҷаҳолат карда истодаанд. Аслан стратегияи фаъолияти ташкилотҳои террористӣ ҳамин гуна аст, ки онҳо бояд дар як муддати муайян дар кишвари банақшагирифта тухми низоъро коштаву ба ин восита мардуми зиёди бегуноҳро қурбон мекунанду дар ҳамон кишвар қудратро ба даст меоранд. Мисоли рӯшани онро мо дар Сурияву Ироқ ва ё худ ҷумҳурии ба мо ҳамсояи Афғонистон дида метавонем. Онҳо алакай макон ва ё худ лонаи абадии хешро дар мавзеи муайяншуда сохтаанду танҳо мунтазири амри хоҷагони хориҷиашон мебошанд, ки тухми ҷаҳолат, низоъ ва амалҳои мудҳишро дар куҷо бояд бикоранд. Натиҷаи ин ҳама талошҳои онҳоро мо дар амалҳои террористии анҷомфёта дар мактаби духтаронаи шаҳри Кобул, ки боиси ба ҳалокат расидани зиёда аз 80-нафар фариштаҳои бегуноҳ гардид, дида метавонем.

Бо ин ҳодисаҳаи баамаломода метавон гуфт, ки терроризм воқеан як хатари бениҳоят ҷиддӣ барои мардуми сайёра ба шумор меравад. Мутаассифона, фаъолияти ифротии Ташкилоти террористии экстримистии Ҳизби наҳзати исломи бо роҳбарии “ҷаноби” Кабирии хоин дар хоки Аврупо ҳар лаҳзаву соат хатари бештар ба дилхоҳ мамлакат хосса Тоҷикистон буда метавонад.

Дар замони пуртаззоди ҷаҳони муосир ҳар як наврасу ҷавону фарди худогоҳро мебояд, ки ҳарчи бештар зиракии сиёсӣ ва ҷасоратро дар вуҷуди худу ҷомеаи имрӯзи кишвар тарғибу ташвиқ намоянд. То бо ин роҳ ҳадди ақал қарзи шаҳрвандии худро дар назди миллату Ватан адо карда тавонем.

Зеро фазои ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ, мураккаб гардидан вазъ дар бисёр кишварҳои ҷангзада, хосса Афғонистон ва фаъол шудани ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстримистӣ ба монанди Ташкилоти террористии экстримистии Ҳизби наҳзати исломи моро водор ба он месозад, ки дар таъмини фазои орому осуда ва нигоҳдории субот дар кишвар нақши созанда ва муассир дошта бошем.

Шодонҷон СУЛТОНОВ

Tags: