Низомиёни Сурия нақшаи террористонро барҳам заданд

Дар қисми шарқии шаҳри Димишқи Сурия хизматчиёни ҳарбӣ ҳамлаи силоҳбадастон ба минтақаи Ҷобароро барҳам задаанд.
Дар ҷараёни задухӯрд террористон аз нақбҳо ва тарконидани мошинҳои дорои таҷҳизоти тарканда истифода карданд.
Аммо онҳоро низомиёни Сурия мушоҳида карда, мошинҳоро безарар гардониданд. Террористон минтақаҳои аҳолинишине, ки зери назорати низомиён қарор дорад, мушакборон карданд.
Бар асари ҳодиса 13 нафар сокинони осоишта ба ҳалокат расиданд. Амалиёти зиддитеррористӣ дар шаҳрҳои Сурия моҳи феврали оғоз гардида, то кунун идома дорад.
Хизматчиёни ҳарбӣ моҳи декабри соли гузашта баъд аз озод намудани шаҳри Ҳалаб аз тасарруфи террористон иқдом гирифтанд, ки минтақаҳои наздикии шаҳри Димишқро низ пурра аз силоҳбадастон озод намоянд. Дар Сурия давоми шаш сол аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дорад.

Tags: