ТВТ. 29.08.2022. Таълимгирандагони МД «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» барои иштироки фаъол ва эҷодкорона дар кори Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон бо Диплом ва Сипосномаи Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия сарфароз гардонида шуданд. Дар ин бора Директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Комилҷон Холов хабар дод.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, бори аввал аз 24 то 28 август Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон дар шаҳри Москва баргузор гардид.
Дар форуми мазкур гурӯҳи таълимгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» иштирок намуд.
Дар форум зиёда аз 1,5 ҳазор нафар кӯдакону наврасон аз тамоми манотиқи Федератсияи Русия ва намояндагони 10 кишвари дигар ҳузур доштанд.
«Тибқи барномаи форум, иштирокчиён дар зиёда аз 60 чорабинии гуногун иштирок намуданд. Аз ҷумла, дар дарсҳои маҳорат ширкат варзида, бо ҳамсолони худ аз дигар минтақаҳо муошират карданд. Ба воситаи ин форум кӯдакону наврасон бо якдигар табодули таҷрибаи эҷодӣ намуда, бо ҷойҳои ҷолиби диққати Москва ва мавзеъҳои таърихии он шинос гардиданд. Ҳамзамон дар ҷараёни форум иштирокчиён бо шахсиятҳои барҷастаи Русия суҳбату вохӯрӣ анҷом доданд»,- гуфт ба АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Комилҷон Холов.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»