Дар шашмоҳаи аввали соли равон ҳаҷми маҳсулоти моҳидорӣ дар вилояти Суғд зиёда аз 737 ҳазор сомониро ташкил дод.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар ин давра аз ҷониби хоҷагиҳои моҳидории вилоят 36,5 тонна моҳӣ сайд карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ аз ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ намудҳои моҳии пешонағафси сафед – 10,9 фоиз, зағорамоҳӣ – 6,7 фоиз, амури сафед – 1,5 фоиз, суфмоҳӣ – 16,3 фоиз ва дигар намуди моҳиҳо – 64,6 фоизро ташкил намудааст.
Мавриди зикр аст, ки Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2015, ки бо мақсади нигоҳ доштан, зиёд кардани саршумор, маҳсулнокӣ, такмил додани сифатҳои генетикии моҳиҳо ва ба ин восита, таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ таҳия гардида буд, барои пешрафти соҳа нақши муҳим бозид.
Барқарорсозии иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои моҳипарварии мавҷуда дар мамлакат, парвариши навъҳои нав, эҳёи намудҳои қаблан нестшуда (бестер, гулмоҳии рангоранг, амури сиёҳ, пешонағафси рангоранг, буффалои амрикоӣ, лақамоҳии каналӣ) ташкили хоҷагиҳои парвариши моҳии хушзот, тавлидгоҳҳои парваришӣ ва хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ ҳадафҳои асосии ин барномаи мазкур маҳсуб меёбанд.
АМИТ «Ховар»