Аз 23 то 27 августи соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Мусобиқаи мазкур дар «Корти тенниси тобистона»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баргузор гардида, он ба рушди ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим такони нав мебахшад.
Дар мусобиқаи мазкур барои ғолибони ҷои аввал ба духтарон ва писарон 7000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 5600 сомонӣ, барои ҷои сеюм 3500 сомонӣ, барои ҷои якум, дуюм ва сеюм ҷуфти духтарон ва писарон мутаносибан 3500, 2800 ва 1750 сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки дар асоси банди 1-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2006 ҳар сол аз 20 то 27 август дар шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон гузаронида мешавад.