Муносиботи бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон дар чаҳорчӯбаи СММ баррасӣ гардид

22 сентябри соли 2017 дар Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддини Раббонӣ мулоқот кард.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, инчунин ҳамкории бисёрҷонибаи ду кишварро дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид мавриди муҳокима қарор доданд.

Tags: