Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Корея

26 ноябр дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) хонум Ли Ми-кюнг мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба  таҳким ва рушди ҳамкории гуногунҷанба бо Агентӣ ва инчунин густариши робитаҳо дар доираи барномаи рушди захираҳои инсонӣ ва ҳамкории техникӣ табодули афкор намуданд. Дар баробари ин, барои кумаки мунтазами Агентӣ ба Тоҷикистон дар соҳаи рушди иҷтимоӣ, энергетика, тандурустӣ ва кишоварзӣ баҳои баланд дода шуд.

Ҷониби Тоҷикистон даъват намуд, ки Дафтари Агентии ҳамкории байналмилалии Корея  дар Душанбе бо мақсади таҳкими бештари ҳамкорӣ ифтитоҳ гардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: