Дар вохурии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер масъалаҳои густариши ҳамкории созанда дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои соҳавӣ, ифтитоҳи корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, илм, фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ муҳокима карда шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи соҳаи муҳимтарини равобити Тоҷикистону кишвари аврупоии Швейтсария — ҳамкорӣ баҳри рушд изҳори қаноатмандӣ карданд.
Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер дар навбати худ изҳор дошт, ки мо бо Тоҷикистон ҳамчун кишвари калидӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамкории хуб дорем ва оянда ҳам кушиш мекунем ин ҳамкориро бар нафъи мардумонамон идома диҳем.
Ҷонибҳо зимни вохурӣ дар бораи фаъолсозии муколамаи сатҳи олии сиёсӣ, нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои барои ҳар ду кишвар судманд, пурзур кардани низоми бонкӣ, барқарорсозии алоқаи мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистону Швейтсария ҳамчун омили муҳими тавсеаи ҳамкорӣ баҳри густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, таҳкими робитаҳо дар арсаи байналмилалӣ, дар доираи ташкилотҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, табодули андеша карданд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти конфедератсияи Швейтсария даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оранд.
АМИТ «Ховар»