Дар вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков муносибатҳои ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ, мавқеъ ва иштироки фаъоли кишварҳо дар ҳамоишҳои сатҳи баланд, аз қабили Форуми дуюми ҳамкории байнламилалии “Як камарбанд, як роҳ”, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи рушди робитаҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин оид ба густариши муносибатҳои ҳамҷаворӣ табодули андеша карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол, истифодаи имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои обию энергетикӣ, татбиқи саривақтии лоиҳаи бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ — СASA-1000, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
АМИТ «Ховар»