Шоми 20 сентябри соли 2016 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар толори Маркази фарҳангии Абулҳусайни Абдулризо бо иштироки дастаҳои ҳунарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Пойтахти фарҳанги исломӣ эълон шудани Кувайт маҳфили ҷашнӣ баргузор гардид.
Дар ҷашнвора аҳли ҳунару фарҳанги Тоҷикистон бо барномаи рангини консертӣ миллат ва Меҳани тоҷиконро дар сатҳи баланд муаррифӣ намуданд.
Ҳамчунин дар толори муҳташами Маркази фарҳангии Абулҳусайни Абдулризо намоишгоҳе доман афрохт, ки ҳадафи асосии он муаррифии кишвари биҳиштосои Тоҷикистон буд. Дар доираи ин ҷашнвора намоиши китобу мусаввараҳо дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давлат ва миллати тоҷикон, ҳамчунин расму мусаввараҳои гуногуни инъикосгари таъриху тамаддун, фарҳанги оламшумули тоҷикон, муди либос ва асбобҳои миллӣ, намунаҳои маҳсули эҷодиёти санъати тасвирӣ ва кандакориҳо ба маърази намоиш гузошта шуд. Мавриди зикр аст, ки меҳмонон ва иштирокдорони ҷашнвора аз тамошои барномаи консертии ҳунармандони тоҷик ва намоишгоҳи густурда дар Кувайт таассуроти нек бардоштанд.
АМИТ «Ховар»