ММТ: Ятимони кул ва бепарасторони то 21 сола маблағ намесупоранд

Тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимони кулл ва бепарасторони то 21-солае, ки дар ИМД-2017 иштирок кардан мехоҳанд аз пардохти маблағ озод карда мешаванд.
Дар ин хусус Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст, ки арзиши хизматрасонӣ барои як довталаб дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирӣ (асосӣ), даври 2-юми азнавбақайдгирӣ ва бақайдгирии иловагӣ 220 (дусаду бист) сомонӣ ва барои даври 1-уми азнавбақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ 20 (бист) сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ шахсони то 21-сола, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, барои иштирок дар ИМД танҳо 50%-ро аз маблағи муайяншуда, яъне 110 (яксаду даҳ) сомонӣ пардохт мекунанд.
Инчунин гуфта мешавад, ашхоси барои иштирок дар ИМД-2017 аз қайдгузаранда метавонанд маблағи муайяншударо дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бояд пешакӣ супоранд ва бо расид дар бораи пардохт ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шаванд.

Tags: