19 декабр дар Масқат вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Салтанати Уммон Юсуф бин Алавӣ бин Абдуллоҳ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Уммон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, муҳоҷират, таҳкими пояи шартномавӣ ва ҳуқуқӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо роҳандозии тамосҳои сатҳи олӣ ва табодули боздидҳоро дар рушду нумӯи ҳамкории дуҷониба муҳим арзёбӣ намуда, зарурати таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва вусъат бахшидани ҳамкориро дар арсаҳои гуногун таъкид намуданд.
Дар поёни вохӯрӣ Барномаи иҷроӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Салтанати Уммон барои солҳои 2020-2022 ба имзо расид.
Акс аз ВКХ ҶТ
АМИТ «Ховар»