Миёни Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд ва Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали вилояти Минск Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид

Миёни Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, кумитаи иҷроияи ноҳияи Лагойск ва Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали вилояти Минск Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Ёддошти тафоҳум дар доираи сафари намояндагони вилояти Суғд ба Ҷумҳурии Беларус, ки аз 3 то 7 ноябр таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт, аз ҷониби роҳбари идораи Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд Насимҷон Ҳоҷизода, раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Лагойск Александр Ласевич ва раиси  Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали вилояти Минск Евгений Крискевич дар ҳузури роҳбарони вилоятҳои Суғду Минск ба имзо расид.

Тибқи ин Ёддошти тафоҳум минбаъд тарафҳо дар самти бунёду барқарорсозии ҷангал, ниҳолпарварӣ, коркарди маҳсулоти ҷангал, рушди занбӯри асалпарварӣ, туризми экологӣ, мубодилаи иттилоот ва таҷриба  ҳамкориро тақвият мебахшанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: