МИЛЛАТКУШУ ТАМАДДУНСӮЗОН. Миллати аз дасти ин гурӯҳи хунхор азияткашидаи тоҷик аниқ медонанд, ки онҳо кистанд ва ҳадафашон чист

«Мардуми Тоҷикистон қариб чор моҳ тавонистанд аз ин беморӣ эмин зиндагии осоишта ба сар баранд ва охирҳои моҳи апрел нахустин мубталоён бо нишонаҳои ин беморӣ баъди ташхиси дақиқ дар муассисаҳои тибби Тоҷикистон бистарӣ гардиданду табибон пайи табобат шуданд.

Ана дар ҳамин шароити вазнину ҳассос тӯдае аз хоинони ҳизби террористии наҳзати исломӣ дар хориҷи кишвар истода, санги маломат ба сари давлату миллати тоҷик мезананд.

Ҳар рӯз дар асоси ҳангомаву воҳима дар шабакаҳои иҷтимоӣ ахбори бардурӯғ ва аз ҳақиқат фарсахҳо дурро нашр карда, аз лаҳзаи гӯё барояшон муносиб ба худ обрӯи хасакӣ ва таваҷҷӯҳи яклаҳзаина ҷалб мекунанд. Миллати аз дасти ин гурӯҳи хунхор азияткашидаи тоҷик аниқ медонанд, ки онҳо кистанд ва ҳадафашон чист!», — зикр мекунанд олимони тоҷик дар мақолаи худ.

Дар зер матни пурраи мақолаи онҳоро пешкаши хонандагон мегардонем

Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳониро бемории нав — КОВИД-19 фаро гирифта, дар байни мардуми сайёра фазои яъсу навмедӣ ва миёни кишварҳои хурду бузург ва дӯсту шарику ҳамкор нобоварӣ ва эҳсоси бегонагиро паҳн намудааст. Дар чунин шароити душвору ҳассос ақли солим, меҳру шафқат, эҳсоси инсондӯстӣ ва дасти хайру сахо дароз намудан ба гирифторони ин вабои аср аз фазилати инсонӣ ва ғояти инсонбудани бани башар шаҳодат медиҳад.

Аз ин бемории ҳамагир касе ё кишваре эмин буда наметавонад ва давлатҳои абарқудрату аз лиҳози фанновариҳои тиббиву технологӣ пешрафта низ дар ҳолати ҳайрониву раҳгумӣ қарор гирифта, ҷуёи роҳҳои табобат ва доруи (ваксинаи) ин беморӣ ҳастанд. Дар чунин вазъияти ҳассосу хатарзои ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистон низ дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳони мутамаддин аз оғози паҳншавии ин вабо дар як қатор кишварҳои ҷаҳон тадбирҳои пешгирӣ аз паҳншавии ин ваборо роҳандозӣ намуда, то ҳадди имкон барои пешгирӣ аз сирояти ин касалӣ корҳои омодагиро ҷоннок намуд.

Манъи ҳаракати қатораҳои мусофиркаш тавассути роҳи оҳан ва таваққуфи парвози тайёраҳо ба хатсайрҳои тамоми кишварҳои гирифтори ин беморӣ ва пурра манъ кардани рафтуомади шаҳрвандон баъди муайян шудани ин беморӣ дар кишварҳои ҳамҷавор ва риояи тадбирҳои шадиди санҷишу муоинаи шаҳрвандони ба кишвар воридшаванда аз нахустин тадбирҳое буданд, ки Ҳукумати кишвар ҳанӯз аввалҳои моҳи феврал амалӣ намуд. Аз оғози пайдоиши ин бемории ҳамагир дар Ҷумҳурии Чин то паҳншавии он дар тамоми сайёра муҳлати ҳамагӣ ду- се моҳ буд, ки ин барои кишварҳои сераҳолии дунё фурсати хеле кам аст.

Мардуми Тоҷикистон қариб чор моҳ тавонистанд аз ин беморӣ эмин зиндагии осоишта ба сар баранд ва охирҳои моҳи апрел нахустин мубталоён бо нишонаҳои ин беморӣ баъди ташхиси дақиқ дар муассисаҳои тибби Тоҷикистон бистарӣ гардиданду табибон пайи табобат шуданд. Ана дар ҳамин шароити вазнину ҳассос тӯдае аз хоинони ҳизби террористии наҳзати исломӣ дар хориҷи кишвар истода, санги маломат ба сари давлату миллати тоҷик мезананд.

Ҳар рӯз дар асоси ҳангомаву воҳима дар шабакаҳои иҷтимоӣ ахбори бардурӯғ ва аз ҳақиқат фарсахҳо дурро нашр карда, аз лаҳзаи гӯё барояшон муносиб ба худ обрӯи хасакӣ ва таваҷҷӯҳи яклаҳзаина ҷалб мекунанд. Миллати аз дасти ин гурӯҳи хунхор азияткашидаи тоҷик аниқ медонанд, ки онҳо кистанд ва ҳадафашон чист!

Агар таърихи начандон тулонии давлати навбунёдамонро саҳифагардон кунем, хотираи таърихии мардуми ҳушёру бедорро тоза намоем, мебинем, ки чанд маротиба тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик шоҳиди дасисаҳои афроди миллаткушу тамаддунсӯз ва хоинони имонфурӯхта гашта, танҳо бо ваҳдату сарҷамъӣ ва таҳаммули азалӣ тамоми мушкилоти пешомадаро паси сар кардаанд.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аъзои ин ҳизби террористӣ ҳукумати амалкунандаро бо роҳи зӯрӣ ғасб карда, фаъолияти тамоми шохаҳои давлатдориро фалаҷ намуданд. Дар ҳар як кӯчаи шаҳри обод даҳҳо махлуқи бо сарпӯши сафеду дили сиёҳ, ришдору мусаллаҳ ва бо чашмони ташнаи хун якбора пайдо гардида, мардуми бечораву бегуноҳро гаравгон гирифта, чун сайд шикор мекарданд. Таҳқиру ғорат ва латукӯб аз амалҳои муқаррариву рӯзмарраи гумоштагони маблағҳои хориҷӣ буданд.

Дар миёни аҳолии кишвар тафриқа андохта, минтақаҳои кишварро ба худиву бегона ҷудо намуданд, ба ҷои дастгириву ғамхорӣ ва таъминоти мардуми аз дасисабозиҳо хаставу нимгуруснаи тоҷик, як минтақаи калони кишварро дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дода, қариб ҳашт моҳ нагузоштанд, ки маводи ғизоӣ доруворӣ ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал ба минтақаи Кӯлоб ворид гардад.

Дар натиҷа авзои бе ин ҳам ноороми мамлакат хатарзо гардид ва аввалин тирро ба сӯи ҳаммиллати худ хунхорони ҳизби наҳзати исломӣ ба хотири тарс додани мардум кушода, кишварро бо хоку хун печониданд. Ҳисороти ин ҷанге, ки афроди имонфурӯхта бо маблағи хоҷагони хориҷияшон ба сари миллат таҳмил намуданд, ба ақли инсонӣ рост намегирад.

Ва имрӯз низ ин афроди миллаткуш аз сангарҳои хоҷагони хориҷияшон муҳайёнамуда берун нарафта, бо тамоми овоз ба атрофу акноф ҷор мезанад, худро ғамхору дастгири мардуми мубтало нишон дода, иддао доранд, ки фалонӣ касалу фалон мансабдор дар беморхона ва вазорати тандурустӣ барои онҳо гӯё омори дақиқро пинҳон наменамояд.

Агар мардед, ба як ҳамватан дасти кӯмак дароз карда наметавонед, санги маломатро ба сари худ занед, ки ин рафторатон амали ноҷавонмардист!

Агар шири модар хӯрдаед, ҳароматон бод риёкорони мазҳабфурӯш!

Оё худ андешидаед, ки аз дасти худи шумо- қотилони даҳшатафкани ҳизби террористии наҳзати исломӣ 150 ҳазор нафар дар солҳои 1992-1997 ҷон додаанд.

Хуни 150 ҳазор нафар қурбонии ин ҷанги бо дасти кишварҳои манфиатдор роҳандозикардаи навкарони ҳизби террористии наҳзати ислом дар гардани шумо- саркардагону роҳбарони дирӯзу имрӯзи ин ҳизби террорист!

Миллионҳо гурезаву дарбадар ва ҳазорон ҳазор нафар бехонумон гардида, маҳз шумо –хоинони мазҳабфурӯш зомини ашки ятимони падаргумкардаву модарони ҷигарбандашонро аз дастдода гардидаед. Магар зарару хатари Шумо аз вируси ҳамагир зиёд нест, ки имрӯз аз дур нишаста, бо хандаву маломат ба сари миллати худ қиссаҳои дурӯғ бофта, шумораи маризону фавтидагонро ҳисоб мекунед?

Аҳли зиёи мамлакатро қатл кардед, беҳтарин олимону донишмандони кишварро куштед! Мақсадатон аз ин амали ҳайвонсиратиятон як чиз буд; миллат бояд пойбанду дастнигари чанд муллои худхонда бошад!

Рӯйхати онҳое, ки аз дасти қотилони ин ҳизби террористӣ зиндагиро падруд гуфтаанд, аз теъдоди фавтидагони бемории ҳамагири КОВИД-19, ки на бо марги маҷбурӣ, балки дар натиҷаи беморӣ дунёро падруд гуфтаанд, ҳазорҳо маротиб зиёданд:

Ва инак;

РӮЙХАТИ

Шахсиятҳое, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1992 – 1997) аз тарафи аъзои Ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ ба таври ваҳшиёна кушта шуданд, барои мулоҳизаву муқоисаи роҳбари дасисабозу ташнаи хуни ин ташкилоти террористӣ-Муҳиддин Кабирӣ руйи саҳифаи таърихи миллат бо ҳарфи сиёҳ сабт аст, пешниҳод мегардад.

  1. Нурулло Ҳувайдуллоев- аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Субҳи 24 августи соли 1992 дар роҳ ба сӯи кор аз ҷониби силоҳбадастони ТТЭ ҲНИ бераҳмона ба қатл расонда шуд. Дар рафти ташхис аз бадани марҳум Нурулло Ҳувайдуллоев беш аз 20 тир дарёфт гардид.
  1. Моёншо Назаршоев- муовини Раиси Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон. 10 марти соли 1994 дар назди манзили истиқоматиаш бераҳмона кушта шуд. Қатли ӯ замоне иттифоқ афтод, ки бояд даври аввали музокирот оид ба сулҳ (шаҳри Москва, апрели соли 1994)-ро роҳбарӣ мекард. Ин кори душманони миллати тоҷик- ҲНИТ ба хотири халал расондан ба раванди сулҳ буд.
  1. Мунавваршо Назриев- муовини Сарвазир Ҷумҳурии Тоҷикистон. 21 марти соли 1994 дар роҳи Душанбе – Ғарм мавриди ҳамлаи гурӯҳи силоҳбадастони ин ташкилоти террористӣ қарор гирифт. Дар натиҷаи террор ва мунфаҷир кардани мошини хизматиаш ҷон бохт.
  1. Ҳайдар Қосимов- Қаҳрамони ИҶШС. Соли 1993 дар 71 — солагӣ, пас аз оташ задани манзили зисташ дар ноҳияи Вахшу фирорӣ шудани хонаводааш ба ноҳияи Қумсангир, аз сӯйи размандагони бераҳми ҲНИТ ба қатл расидааст. Қотилони наҳзат барои он Ҳ.Қосимро куштанд, ки муқобили идеология ва ҳадафҳои зиддимиллиашон баромад карда буд.
  1. Муҳаммад Осимӣ- Президенти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон. 27 июли соли 1996 вақте ба кор рафтан, дар роҳ аз ҷониби нохалафони наҳзатӣ бо шеваи ниҳоят бераҳмона ва ваҳшиёна кушта шуд. Бо қатли олим ин қотилони хуношом гумон доштанд илму дониш ва маърифату пешрафти Тоҷикистонро мекушанд. Саркардагони ин созмони террористӣ иқрор карданд, ки ин ҷинояти мудҳиш кори дасти террористони наҳзатист.
  1. Минҳоҷ Ғуломов- доктори илми тиб, академик. 6 майи соли 1996 ин олими шинохта, ки узви вобастаи Академияи илмҳои тибби ИҶШС буд, аз дасти қотилони наҳзатӣ бераҳмона ба қатл расонда шуд.
  1. Юсуф Исҳоқӣ- ходими сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҷарроҳи номвар, ректори ДДТТ. 6 май дар як рӯз бо Минҳоҷ Ғуломов ба шаҳодат расид. Юсуф Исҳоқӣ аз ҷумлаи маъруфтарин олимони соҳаи тибби муосири тоҷик ва нобиғагони давр буд, ки дар айни камолоти эҷодӣ аз дасти ҷинояткорони наҳзатӣ ваҳшиёна ба қатл расонида шуд.
  1. Сайф Раҳимзоди Афардӣ- раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997-2000). Марги ӯ дар таърихи 20 майи соли 2000 ҷомеаи кишвар, бахусус, аҳли фарҳангу зиёи мамлакатро такон дод. Ин шахсияти баркамолро тақрибан соати 21:30 — и ҳамон рӯз дар назди даромадгоҳи бинои истиқоматиаш чанд нохалафи зиёикуши аъзои ТТЭ ҲНИ бо зарби тир ба ҳалокат расониданд.
  1. Фатҳуллохон Шарифзода- муфтии мусулмонони Тоҷикистон. Соли 1995 ба таври ваҳшиёна кушта шуд. Сабабашро наҳзатиён дар баромадҳои зидди манфиатҳои худ мебинанд.
  1. Абдулло Муқаррабӣ- роҳбари ҷараёни динии «Баҳоия» дар Тоҷикистон. 24 сентябри соли 1999 аъзои ТТЭ ҲНИ Ф. Комилов, Т. Миров ва М. Нарзуллоев бо супориши бевоситаи роҳбари ин ташкилот ба манзили зисти Абдулло Муқаррабӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе ворид гардида, ӯро бо азияту озори зиёд қатл мекунанд.
  1. Муродулло Шерализода- сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум». 5 майи соли 1992 дар назди бинои Шӯрои Олӣ аз тири силоҳбадастони наҳзатӣ ба ҳалокат расид. Яке аз аввалин қурбониҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандист, ки аз сӯи наҳзатиҳо анҷом дода шуд.
  2. Махсум Олимӣ- шоир ва рӯзноманигор. Ӯ дар айни камолоти ҷавонӣ аз дасти қотилони миллат – аъзои ТТЭ ҲНИ дар шаҳри Душанбе кушта шуд ва пас аз чанд рӯз ҷасади дар хоку хун оғуштаашро дар канори шаҳри Душанбе пайдо карданд. Ин ҳодисаи мудҳиш 24 октябри соли 1992 ба вуқӯъ пайваста буд.
  1. Отахон Латифӣ- рӯзноманигор. 22 сентябри соли 1998 дар шаҳри Душанбе ҳангоми ба ҷойи кор рафтан аз ҷониби гуруҳи ҲНИ ба қатл маҳкум шуд. Ӯ собиқ муовини Раиси Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон мухбири рӯзномаи «Правда» ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
  1. Муҳиддин Олимпур- рӯзноманигор, мухбири ВВС. 12 декабри соли 1995 ба қатл расонда шуд.
  1. Сафаралӣ Кенҷаев- собиқ раиси Шӯрои Олӣ. Гурӯҳе аз силоҳбадастони наҳзатӣ дар асоси тарҳи роҳбаронашон ин сиёсатмадор ва он замон вакили Шӯрои Олиро бо ҳадафи хос террор карданд. С. Кенҷаев 30 марти соли 1999 дар шаҳри Душанбе кушта шуд.
  1. Кароматуллои Қурбон- Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон. Сарояндаи маъруф 18 октябри соли 1992 ҳангоми бозгашт аз ноҳияи Ёвон ба шаҳри Душанбе аз ҷониби гурӯҳи силоҳбадаст мавриди террор қарор гирифт.
  1. Карим Юлдошев- мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ. Дипломати соҳибтаҷриба 7 июли соли 2001 аз ҷониби зархаридони наҳзат қатл гардид. Ин куштори фармоишӣ нимаи ҳамон рӯз дар назди даромадгоҳи манзили истиқоматии марҳум сурат гирифт, ки омилони ососии он аъзои гурӯҳи ТТЭ ҲНИ мебошанд.
  1. Нурмаҳмад Атобеков- полковники КМБ, дипломат. Ӯро моҳи майи соли 1991 бо мақсади ноором кардани вазъи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе бо зарби гулӯла куштанд, ки кори дасти рӯҳониёни тахрибкор буд.
  1. Хушбахт Муборакшоев- хабарнигори ТВ “Тоҷикистон”. Моҳи декабри соли 1992, ҳангоми иҷрои рисолати касбӣ дар шаҳри Душанбе кушта шуд.
  1. Қулмаҳмад Абдулҳусейнов- нависанда. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикстон. Силоҳбадастон дар идомаи сиёсати зиёикушии наҳзатӣ ӯро 22 декабри соли 1992 дар ноҳия Варзоб ба қатл расонданд.
  1. Ҷамшед Давлатмамадов- мухбири ТоҷикТА. Моҳи декабри соли 1992 дар шаҳри Душанбе кушта шуд.
  1. Мухтор Бугдиев- мухбир — суратгири АМИТ “Ховар”. 18 сентябри соли 1992 дар пойтахти мамлакат ҳадафи ҷаҳолатпарастони рӯҳонӣ қарор гирифт ва бераҳмона кушта шуд.
  1. ФайзуллоевТаваккал- мухбир рӯзномаи “Субҳи Ёвон”. 17 ноябри соли 1992 аз дасти душманони маърифатситез ба шаҳодат расид.
  1. Ҷангибек Давлатмиров- устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон. Ин олими барҷастаро, ки аз зумраи рӯшанфикрон буд, соли 1992 ҷисман аз байн бурданд.
  1. Tӯрa Қобилов- сармуҳаррири рӯзномаи “Байрақи дустӣ”. Моҳи июни соли 1992 дар ноҳияи Бохтар ба қатл расонида шуд.
  1. Ширинҷон Амирҷонов- мухбири радиои “Тоҷикистон”. Соли 1992 дар пойтахти мамлакат бар асари амалҳои ҷинояткоронаи наҳзатӣ ба шаҳодат расид.
  1. Олим Заробеков- рӯзноманигор. 7 майи соли 1992 дар хонаи радиои Тоҷикистон зимни ғасби хонаи радио аз ҷониби кӯрдилони ТТЭ ҲНИ кушта шуд.
  1. Табаралӣ Сайдалиев- сармуҳаррири рӯзномаи “Ба пеш”. 21 октяби соли 1992 дар назди манзили истиқоматиаш мавриди ҳамла қарор гирифта, ҷон бохт.
  1. Шарифамоҳи Кишвардухт- мухбири рӯзномаи “Навиди Вахш”. Силоҳбадастони наҳзатӣ ӯро бегоҳии 22 сентябри соли 1992 ҳамроҳи ягона фарзанди 16-солааш аз хона бурданд ва бераҳмона қатл карданд.
  1. Абдулҳаким Шукуров- муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Нидои ранҷбар”. 21 августи соли 1993 дар ноҳияи Ғозималик (ҳозира Хуросон) кушта шуд.
  1. Олимҷон Ёрасенов- мухбир рӯзномаи “Хатлон”. Моҳи июни соли 1993 дар ноҳия Вахш кушта шуд.
  1. Пиримқул Сатторӣ- мухбири “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа”. 28 майи соли 1993 қатл гардид.
  1. Шарофидин Қосимов- мухбири рӯзномаи “Навиди Вахш”. Гурӯҳи силоҳбадасти наҳзатӣ моҳи май соли 1993 дар як сӯиқасд ӯро ба ҳалокат расонданд.
  1. Саидмурод Ёров- муовини сардабири маҷаллаи “Фарҳанг”. Чанд муддат бедарак шуд. Ниҳоят 2 феврали соли 1993 дар шаҳри Душанбе ҷасадашро пайдо карданд, ки дар идомаи кушторҳои бераҳмонаи наҳзатиҳо аз байн бурда шуд.
  1. Қамчибек Рашидбеков- устоди варзиши ҶШС Тоҷикистон. Директори клуби варзишӣ ва сарвари мактаби варзиши шаҳри Орҷоникидзеобод (имрӯза Ваҳдат) буд. Ӯро моҳи июли соли 1993 бераҳмона куштанд.
  1. Охонлаъл Оламов- вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мисли даҳҳо нафарони аз ҷониби наҳзатиҳо рабудашуда, гурӯҳе соли 1993 ӯро аз хонааш бурданд, ки то ҳол бенишон аст.
  1. Олимҷон Абдулов- коргардони ТВ “Тоҷикистон”. Замоне, ки вайро куштанд, директори барномаҳои фарҳангии ТВ “Тоҷикистон”. Қатли ӯ 2 сентябри соли 1993 сурат гирифт.
  1. Эмилия Подобед- мухбири рӯзномаи “Коммунист Таджикистана” дар вилояти Қӯрғонтеппа (имрӯза Хатлон). Баъд аз бедарак шудан, 8 сентябри соли 1993 ҷисми беҷонашро аз дарё пайдо карданд, ки ба шеваи кушторҳои аъзои ТТЭ ҲНИ айният дорад.
  1. Зуҳуриддин Суярӣ— сармуҳаррири маҷаллаи “Тоҷикистон”. 22 октябри соли 1993 дар ноҳияи Вахш кушта шуд.
  1. Хушбахт Ҳайдаршо- мухбири рӯзномаи “Тоҷикистони Шӯравӣ” (имрӯза “Ҷумҳурият”). Ӯро дар баҳорон куштанд. Субҳи 19 майи соли соли 1994 дили Хушбахт Ҳайдаршо бар асари 5 тири қотилони нохалафи ба доми ТТЭ ҲНИ афтода, аз тапидан бозмонд.
  1. Амонбек Шоҳзода- шоир. Моҳи июли соли 1994 дар шаҳри Хоруғ ҷон бохт.
  1. Давлаталӣ Раҳмоналиев- шореҳи сиёсии телевизиони “Тоҷикистон”. 18 августи соли 1994 дар назди манзили истиқоматиаш аз тири душманони миллат ба қатл расид.
  1. Ҳомидҷон Ҳакимов— сардабири рӯзномаи Ҳақ сӯзӣ”. 12 декабри соли 1994 дар назди хонааш кушта шуд.
  1. Муҳаммадшариф Холов- директори театри “Ҷавонон”. 16 ноябри соли 1995 дар шаҳри Душанбе қатл карданд.
  1. Зайниддин Муҳиддинов- рӯзноманигор. Қатли ӯ дар идомаи силсилакушторҳои рӯзноманигороне, ки аз мавқеи мухолифони давлат ҷонибдорӣ намекарданд, сурат гирифт. Зайниддинро 14 марти соли 1995 дар ноҳияи Рудакӣ ба ҳалокат расонданд.
  1. Почохон Сайфиддинов- мухбири “Адабиёт ва санъат”. Чанд муддат бедарак шуд. Мунтаҳо ҷасади хабарнигорро 29 сентябри соли 1995 аз рӯди Вахш пайдо карданд.
  1. Нафасбек Раҳмонов- собиқ мухбири “Маориф ва маданият”. Моҳи майи соли 1995 аз ҷониби гурӯҳи силоҳбадастони таҳти роҳбарии Ризвон дар шаҳри Баҳораки Афғонистон кушта шуд.
  1. Мусофир Набиев- котиби масъули маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”. 1 декабри соли 1995 силоҳбадастон ӯро шадидан латукӯб намуданд, ки бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона вафот кард.
  1. Виктор Никулин— мухбири ОРТ. 28 марти соли 1996 назди студияи РТР, ОРТ дар шаҳри Душанбе дар асоси фармоиши роҳбарияти ТТЭ ҲНИ кушта шуд.
  1. Саидшо Саидов- мухбири радои “Тоҷикистон”. 4 феврали соли 1996 дар ноҳия Тавилдара (имрӯза Сангвор) аз ҷониби силоҳдорони ҷоҳталаби наҳзатӣ кушта шуд.
  1. Акбари Шариф- мухбири ТВ “Тоҷикистон”, собиқ сардабири рӯзномаи “Наврӯзи Ватан”. Силоҳбадастон дар таърихи 4 феврали соли 1996 бо ҳадафи муайян ӯро бо мошин пахш намуданд, ки баъд аз се рӯзи бистарӣ дар беморхона ҷон дод.
  1. Ҳомид Маликов- рӯзноманигор, корманди радио ва телевизион. 6 январи соли 1993 аз як ҳамлаи силоҳбдастон бо захмҳои ҷисмонӣ ҷон ба саломат бурд. Аммо, моҳи декабри соли 1997 боз ба дасти душманони миллат афтида, дертар аз зарби латукӯби сахт вафот кард.
  1. Миерхаим Гавриелов- муҳаррири техникии “Тоҷикистони Шӯравӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”). 8 июни соли 1998 қурбони амалҳои ҷинояткорона гардид ва аз ҷониби силоҳбадастон кушта шуд.
  1. Ҷумъахон Ҳотамӣ— сардори Хадамоти матбуоти ВКД. 5 июли соли 1999 дар шаҳри Душанбе ба қатл расид.
  1. Искандари Хатлонӣ- шоир ва рӯзноманигор. 21 сентябри соли 1999 дар манзили истиқоматиаш дар шаҳри Москва кушта шуд.
  1. Александр Алпатов- мухбир — суратгири АМИТ “Ховар”. 1 сентябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби қотилони силоҳбадаст ба шаҳодат расид.
  1. Абдураҳим Раҳимов- Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. 8-уми сентябри соли 2001 дар назди манзили истиқоматияш бо услуби барои террористони наҳзатӣ маъмул ба қатл расонида шуд. Ӯ роҳбарии комиссияи давлатӣ оид ба таҷлили ҷашни Истиқлолиятро ба ӯҳда дошт.
  2. Филолшо Хилватшоев— хабарнигори “Паёми Душанбе”. Моҳи майи соли 1992 ба таври ваҳшиёна аз ҷониби афроди мусаллаҳи ҲНИТ кушта шуд.
  3. Гадоев Нуралӣ –дотсенти ДМТ соли 1992 дар роҳ ба сӯи коргоҳ кушта шуд.
  4. Ҷунайдуллоҳ Халифа— хабарнигори рӯзномаи “Байрақи дӯстӣ”. 12-уми декабри соли 1993 дар шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд) кушта шуд.
  5. Гадобой Ӯзбеков (Сармад)-шоир. 18-уми октябри соли 1994 аз ҷониби афроди шоиркушу тамаддунсӯзи наҳзатӣ латукӯб гардида, баъди ду моҳ дар шифохона даргузашт.
  6. Сайфиддин Сангов— муовини раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб.
  7. Ҷамшед Осимов- сармушовири вазорати тандурустӣ.
  8. Тағойхон Шукуров- раиси суди ноҳияи Ғозималик (ҳоло Хуросон).
  9. Искандар Каримов- мухбири рӯзномаи “Кургантюбинская правда”.
  10. Михаил Никулин— хабарнигори ОРТ.
  11. Одил Исломӣ— журналист.

…. ва садҳо афроди саршиносу зиёии миллатро шумо- ҷаллодону хунхорони фурӯхташудаи ҳизби наҳзати исломӣ барои дастгирӣ накардани ақидаву андешаи шайтониатон бо ваҳшонияти зиёд ба қатл расонидед!

Аз рӯйхати афроди бегуноҳи аз ҷониби тӯдае беимон кушташуда бармеояд, ки шумо танҳо чеҳраҳои дунёи фарҳангу маърифат- олимону шоирон ва рӯзноманигорону шахсиятҳои соҳиби ақли солим, мафкураи дунявидошта, худшинос ва ватандӯстро танҳо барои он куштед, ки барои чанд муллои худхондаи наҳзатӣ, дастнигари давлатҳои ба ном исломӣ ва баумеди ваъдаҳои пуч минбари шеъру суханро арзонӣ бидиҳед ва миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанги тоҷикро натанҳо аз мазҳаб, балки аз таъриху фарҳанги бою оламшумулаш ҷудо намоед. Таҳти роҳбарии хоҷагони худ, ки тамоми мардуми Тоҷикистон ҳамчун “бародарони ҳамзабон” мешиносанду медонанд, хостед ба сари миллати тоҷик фарҳангу мазҳаби бегонаробо зӯри силоҳ, зӯроварӣ ва тарсонидан бор кунед. Лекин ба ҳадафҳои нопоки худ нарасидед ва то ҳол бовар доред, ки мардум шуморо бовар мекунад, аз ин мақсадҳои тахрибкоронаву хоинонаи худ даст накашидаед. Сабк ва услуби қатлу кушторатон аз солҳои 1992 инҷониб тағир наёфт. То солҳои 2015-2017 дар ин ё он гӯшаи Тоҷикистон даст ба амалҳои ваҳшиёна зада, имрӯз дар баъзан кишварҳои Аврупо даъвои демократия ва озодии сухан мекунед. Дар лаҳзаи начандон тӯлонии таърихӣ, ки ҳокимиятро бо зӯри силоҳ ғасб кардед, чеҳраи манфури худро нишон додед, халқи Тоҷикистон ҳамаи ҳадафу ниятҳои разилонаву инсонбадбинонаатонро дарк намуд ва роҳи ояндаи хешро муайян кард. Мақсад аз қатли суханварон ин хомӯш кардани садои шеъру сухан ва бегона хондани ҷашнҳои қадимаи миллат, ки аҷнабиён натавонистанд шӯълаи умеду бовариро дар дили миллати суханпарвару шеърдӯст ва тамаддунофари тоҷик хомӯш кунанд, яқин шуд;

Ин ҳизби террористӣ бо шеваи бегона зидди манфиатҳои миллат хатти маш гирифтаву барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки мазҳабфурӯшон мардумро қатли ом мекунанд.

Шаҳру деҳаҳои сӯзондаастон имрӯз гулистон шудааст. Модари тоҷик садҳо олиму шоиру суханвар офарид, вале ҷои онҳое, ки аз тири нохалафи ҷаллодони наҳзатӣ ин дунёи зеборо падруд гуфтаанд, дар қалби ҳар як зиёии кишвар, пайвандону ҷигарбандонаш холист.

Миллати тоҷик тақдири ояндаи худро бо дастони хеш дар Сарқонун навишт ва дигар роҳи ояндаи ин сарзамин муайяну дақиқ аст. Ҳеҷ як хоину дайдую гадои дастнигар ва бозичаи дасти дигарон наметавонанд ин оромиву зиндагии шоистаро халалдор намояд.

Он саҳифаҳои сиёҳи дар таърих бо дастони хунолуд навиштаи роҳбарони дирӯзу имрӯзи ҳизби террористии наҳзати исломӣ, ки муҷиби нангу ори ҳар як фарди ватандӯст гардидааст, дар хотираҳои мардум нақш бастааст. Мушкилоти муваққатии мардуми тоҷик мисли мушкилоти дигар мардуми ҷаҳон аз роҳи ақлу дониш кор гирифтан пушти сар мешавад.

Вале як чиз- пастиву разолат, ноҷавонмардӣ, кӯрдилӣ ва миллатбадбинии миллаткушони наҳзатиро ифшо кард:

Дигар давлат, кишвар, қавму миллатҳое, ки ба ин беморӣ мубталоянду дар дохилу хориҷ мухолифу норозӣ доранд, ҳеҷ кадоми онҳо ба сари миллату давлат ва сарзамини худ ин тавр борони тӯҳмату ҳақорат нарехта, аз мусибати ҳамватани худ табли шодӣ зада, худро дар саҳифаҳои иҷтимоӣ расвои олам накардаанд.

Мо як гурӯҳ зиёиёни тоҷик ба рӯи ҳамон “коршиносони мустақил”, “фаъолони шабакавӣ”, “блогер”-у “ҳомиёни ҳуқуқатон” ТУФ кардем.

Шуморо дар кишвари мо на рақиби сиёсӣ, балки селаи шағолони аз гуруснагӣ бафарёдомада мешиносанд ва ҳарчанд ҳамаҷоятонро дарронда суханҳои таҳқиру озордиҳанда мегуед, мо медонем, ки ин лухтакҳои ровиятон аз ҷониби киҳо маблағгузорӣ мешаванд ва дар атрофи кӣ парвонавор мерақсанд. Аз тарзи рафтору гуфтори ба занҳо монандашон мо медонем шумо барои чӣ азобу азият мекашед ва яқин бо ин ҳасрат ба он дунё-“биҳишти абадӣ”-ятон меравед.

Ин ҳангомаву ҳайоҳуйи сагонаи Кабириву чанде аз қавми лут, ки атрофаш ҷамъ кардааст, Гадозодаҳову дигар гадоҳои дари хориҷиён “роҳбарони алянсу иттиҳодҳои худхондаро” равшанфикрону зиёиён ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон бо таъбири “Дарё палид менашавад аз даҳони саг”ба мизони ақл баркашида, идомаи дасисаҳои қаблӣ қабул намудаанд ва намегузоранд, ки зиндагии тинҷу осудаашонро кадом як гурӯҳи ватанфурӯш, хоин, миллаткушу тамаддунсӯз ва мазҳабфурӯшу мансабталош барҳам занад.

Убайдулло Насрулло КАРИМЗОДА, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИ Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих.

Шарифзода БОЙМУРОД, директори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АМИ Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ

Ҳакимов ФАЙЗАЛӢ, директори Институти зоология ва ва паразитологияи ба номи академик Павловский Е.Н. АМИ Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ.

Tags: