Мақолаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» дар Озарбойҷон бознашр гардид

30 июн муҳтавои мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 15 июн дар АМИТ «Ховар» таҳти унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» интишор ёфта буд, дар пойгоҳи хабарии «Trend.az» ва маҷаллаи «Azernews.az»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон ба забонҳои озарӣ, русӣ ва англисӣ зери унвонҳои «Эмомалӣ Раҳмон: СҲШ иштирокчии бонуфузи низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ» ва «Мақола ва мусоҳибаи Президент Эмомалӣ Раҳмон бо «Ховар» дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои ҷаҳон» бознашр гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар  медиҳад.

Пайвандҳои электронии мақола ба забонҳои озарӣ, русӣ ва англисӣ:

https://az.trend.az/azerbaijan/politics/3448700.html
https://www.trend.az/casia/tajikistan/3448175.html
https://www.azernews.az/region/180752.html

Tags: