Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» дар баррасии Парлумон

Лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» ва «Дар бораи ҳимояи рақобат» имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ гардид.
Аз палатаи поёнии Парлумони  мамлакат ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд, ки аъзои Шӯро ҳамзамон  лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи алоқаи почта», «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Дар бораи ихтироъ», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва  «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуданд. Бархе аз масъалаҳои муҳокимагардида барои баррасӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд.
Зикр шуд, ки лоиҳаҳои қонунҳои пешниҳодшуда барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои ҳуқуқии кишвар ва беҳдошти сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: