Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз яхбандӣ, тӯдашавии барф ва хатари фаромадани тарма дар роҳҳо ҳушдор медиҳад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибони мошинҳоро огоҳ мекунад, ки дар қитъаҳои роҳҳои мошингарди «Душанбе — Чанок», «Душанбе — Ваҳдат — Лахш», «Душанбе — Рашт», «Душанбе — Сангвор», «Душанбе — Кӯлоб», «Шоҳин — Дарвоз», «Ванҷ- Хоруғ», «Хоруғ — Ишкошим — Мурғоб» эҳтимоли яхбандӣ, тӯдашавии барф дар баъзе ҷойҳо, инчунин дараҷаи баланди хатари фаромадани тарма мавҷуд аст. Дар ин бора маркази матбуоти Кумита хабар додааст.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз мусофират, сафарҳо ба мавзеъҳои аз лиҳози фаромадани тарма хатарнок худдорӣ кунанд, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.

«Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ ё қитъаҳои дорои хатари фаромадани тарма бояд фосилаи муқарраршудаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд, дар роҳҳо бодиққат ва эҳтиёткор бошанд», — шарҳ доданд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, то 27 ноябр дар ҷумҳурӣ боридани борон ва дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳистонӣ бориши барфи шадид дар назар аст.

АМИТ «Ховар»

Tags: