Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сокинонро аз бориши сахти борон ва боди сард огоҳ мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 18-19-уми октябри соли равон дар қаламрави мамлакат ҳаво рӯ ба сардӣ меорад. Ба иттилои манбаъ, борони шиддатнок ва боди сард дар назар аст.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 10-12 дараҷа мерасад. Дар манотиқи баландкӯҳ барф меборад, дар навоҳии ҷудогона бӯрони шадид дар назар аст. Дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ хатари омадани сел вуҷуд дорад.
Ҳавои тағйирёбанда табиист, ки роҳандозии корҳои саҳроӣ, молчаронӣ дар чарогоҳҳо, рафтуомади мошинҳо, фаъолияти муассисаҳои алоқа ва хадамоти коммуналиву таъминоти барқро ба мушкил рӯ ба рӯ месозад.
Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сокинон ва меҳмононро огоҳ месозад, ки дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор ва ботаваҷҷуҳ бошанд.

Tags: