Коронавирусро метавон мағлуб намуд! Аз аҳолии якуниммиллиардаи Чин дар як шабонарӯз ҳамагӣ 10 нафар сироят ёфтаанд

Тӯли шабонарӯзи охир дар қаламрави Чин, ки якуним миллиард аҳолӣ дорад, ягон ҳолати  фавт  аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. 10 нафар сироят ёфта, 56 бемор шифо ёфтаанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Кумитаи давлатии тандурустии Чин иттилоъ додааст.

Шаш нафар шахсони нав сироятёфта  аз хориҷ ба Чин  омадаанд, боқимондаҳо  сокинони   маҳаллӣ мебошанд.  Дар маҷмӯъ,  дар ин кишвар айни ҳол 1616 ҳолати сирояти коронавируси  аз хориҷ воридшуда ошкор шудааст, 823 нафар табобат ёфта, ҳеҷ нафари аз хориҷ омада вафот накардааст.

Дар музофоти Хубей, ки манбаи  эпидемия аст, дар як шабонарӯз  ягон ҳолати сироятёбӣ  қайд нашудааст,  28 нафар аз бемористон  ба хонаҳояшон баргаштанд (ҳамаи онҳо аз Ухан ҳастанд). Айни ҳол дар ин музофот  69 нафар гирифтори ин маризӣ  буда, ду нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Аз оғози ин беморӣ дар Чин ҳамагӣ 82 798  ҳолати тасдиқшудаи  сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ҷумла  дар ҳолати кунунӣ  959 нафар бемор буда, (63 нафар ҳолати вазнин доранд), 77 207 нафар аз беморхона рухсат шуда,  4632 нафар фавтидаанд.

Ба коронавирус пирӯз шудан мумкин аст – инро таҷрибаи муборизаи Чин  бо Covid-19 исбот намудааст.

«Чин дарвоқеъ, чораҳои беназирро роҳандозӣ намуд.  Шояд дар таърихи тандурустии ҷаҳонӣ бори аввал 60 миллион нафар бо карантин фаро гирифта шуда бошанд»,- гуфтааст дар мусоҳиба бо «Российская газета» муовини директори Институти эпидемиология ва микробиологияи Санкт- Петербург ба номи Пастер, доктори илмҳои биологӣ Александр Семёнов. Ӯ аввали моҳи январи соли равон дар ҳайати гурӯҳи мутахассисон ба ин кишвар  омад ва аллакай миқёси ин офат маълум буд. 6 ҳазор не, 600 ҳазор не, ҳатто 6 миллион не. Аслан  60 миллион одам зери карантин қарор дошт. Аксари одамон қоидаҳои хонанишиниро комилан риоя мекарданд, муоширатро маҳдуд мекарданд  ва бо ин роҳ хавфи паҳн кардани сироятро кам менамуданд.  Аҳолӣ шуурнокии хеле баланд зоҳир намуд. Ин барои онҳо як навъ имтиҳон буд дар фарҳанги беҳдоштӣ ва муташаккилӣ ҳангоми роҳандозӣ кардани амалиёти зиддисироятӣ.

Пайваста шустани дастон, тамизкунии фарогир, канораҷуӣ аз муошират- ҳамаи ин тадбирҳо фавран ҳосил ба бор оварданд».

Ба гуфтаи Семёнов, инро бояд шаҳрвандони дигар кишварҳо низ ба хубӣ дарк намоянд.Онҳо бояд донанд, ки  ин чораҳои пешгирикунанда танҳо як хоҳиш набуда, балки зарурати воқеии ҳаётианд.

«Дар Чин болоравии шиддати беморӣ ба таври назаррас коста гардид ва вазъият сурати тамоман дигар гирифт»,- гуфт ӯ

АМИТ «Ховар»

Tags: