Коргардони ҷавони тоҷик Соҳибёр Толибов дар бораи мушкилоте, ки муҳоҷирон ҳангоми пандемияи коронавирус бо онҳо мувоҷеҳ шудаанд, филм таҳия мекунад. Намоиши он охири соли 2021 ба нақша гирифта шудааст, хабар дод дирӯз, 28 феврал Sputnik -и Россия.
Филми мустанад бо номи «Гӯшанишин» дар бораи зиндагии як муҳоҷири тоҷик, ки ватанашро пазмон шудааст ва наметавонад аз кишвари бегона ба ватан баргардад, ривоят мекунад.
Наворбардорӣ тобистони соли 2020 ва зимистони соли 2021 сурат гирифтааст.
Ғайр аз ин, Толибов дар бораи ба итмом расонидани наворбардории филми нави худ «Моҳиҳои калон» дар вилояти Ленинград иттилоъ додааст.
Сужети филм дар бораи ҷавоне ҳикоят мекунад, ки на ҷои кор дорад ва на хона. Бо истифода аз зебоӣ ва дилрабоиаш ӯ аз ҳисоби маъшуқаҳои сарватмандаш зиндагӣ мекунад. Аммо, вақте ӯ бо София, ки аз ӯ 10 сол калонтар аст, вомехӯрад, ҳама чиз тағйир меёбад. Писари София ба дифои модараш алайҳи маъшуқи кӯтоҳандеш бармехезад. Наход ки ҷавон ин дафъа ба ҳадафи худ нарасад?
Ба гуфтаи Толибов, мушкилоти дар филм матраҳшуда рӯзмарра ва дар ҷомеаи Россия «доғ» аст.
Таҳиягари «Моҳиҳои калон» Беҳзод Исомиддин гуфт, ки ба коргардон озодии эҷодӣ, бидуни маҳдудияти тиҷоратӣ дода шудааст.
Нақшҳои асосиро дар филм ҳунармандони рус Александр Громико, Антон Логвиненко, Оксана Полевикова, Олга Афанасева ва Даниил Худоногов бозидаанд. Наворбардор-басаҳнагузорандаи филм Павел Смирнов ва рассом — басаҳнагузоранда Ксения Неб мебошанд.
«Моҳиҳои калон» дуввумин кори калонҳаҷми Толибов хоҳад буд. Қаблан, ӯ аввалин филми бесадоро дар таърихи Тоҷикистон таҳти унвони “Талош” ба навор гирифта буд. Барои ин филм коргардон дар Фестивали байналмилалии «Дидор» сазовори ҷоизаи ба номи Тоҳир Собирови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон шуда буд.
Филм инчунин ба барномаи озмунии Мактаби байналмилалии синамогарони ҷавони ИДМ “Иттиҳод” дар Батумӣ ворид шуда буд, ки мебоист аз 18 то 24 майи соли 2020 доир мешуд, аммо баргузор нашуд.
Ҳарду филм дар доираи озмоишгоҳи коргардонии «Кинокоммуна» дар назди Маркази ҷавонони Иттифоқи кинематографистони Санкт-Петербург таҳия шудаанд.
АМИТ «Ховар»