Қоҳир Расулзода бо Раиси раёсати Бонки Авруосиёии рушд мулоқот намуд

Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Раиси раёсати Бонки Авруосиёии рушд  Дмитрий Панкин мулоқот кард.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, сармоягузорӣ, роҳу нақлиёт, низоми бонкӣ, кишоварзӣ ва дастгирии бахши хусусӣ табодули назар карданд.
Тавре таъкид шуд, дар шароити афзун гардидани таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба иқтисодиёти рӯ ба рушди давлатҳо таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Бонки АвруОсиё ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.
Дар мулоқот доир ба самтҳои наву афзалиятноки ҳамкории дуҷониба фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Tags: