ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Дар Тоҷикистон барои омода намудани шаҳрвандон ба ин амал тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад

Иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки 22 июни соли 2023 ба имзо расид, ба рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта бозгӯи он аст, ки густариши низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии мамлакат маҳсуб ёфта, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши бениҳоят муҳим дорад. 

— Тибқи Фармони мазкур, шуруъ аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатнома, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад. Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ муваззаф гардидаанд, ки инфрасохтори зарурии қабули пардохтҳои ғайринақдиро омода намуда, амнияти пардохтҳо ва имконияти ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатиро дар тамоми манотиқи малакат таъмин намоянд.

Гузариш ба пардохти ғайринақдӣ ба сарфаи вақту хароҷоти иловагии муштариён мусоидат менамояд. Бояд дар назар дошт, ки минбаъд пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ танҳо ба таври ғайринақдӣ ҷараён мегирад.

Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкомату хазинаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии муштариён мегардад.

Ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо аҳаммияти хоси иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ин равандро осон ва қулай мегардонад.Тавре аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, тайи солҳои охир шумораи шабакаи терминалии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) босуръат афзоиш ёфта истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки эътимоду боварии аҳолии мамлакат ба воситаи муосири пардохтҳои электронӣ ва истифодаи он рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.

Аксари ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтӣ тавассути телефонҳои мобилӣ барномаҳо таҳия намудаанд.

Имрӯзҳо теъдоди зиёди шаҳрвандон дорандагони кортҳои пардохтӣ ва истифодабарандагони замимабарномаҳои махсуси бонкӣ мебошанд, ки тавассути онҳо метавонанд ҳангоми хариди молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ҳисоббаробаркуниро ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳанд. Ҳоло аксари ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои пешниҳоди навъҳои гуногуни хизматрасониҳои пардохтӣ тавассути телефонҳои мобилӣ барномаҳо таҳия карда истодаанд. Инчунин, ташкилотҳои қарзии ватанӣ бо истифода аз технологияҳои муосири пардохтӣ як қатор хизматрасонии фосилавӣ, ба монанди бонкдории мобилӣ, интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути QR-рамз ва маблағҳои электрониро ҷорӣ намуда, тавассути онҳо ба муштариён барои ғайринақдӣ пардохт намудани ҳаққи молу хизматрасонӣ имкон фароҳам овардаанд. Дар баробари ин, ҷиҳати ҳавасманд намудани муштариён ҳаққи хизматрасониро коҳиш дода, барномаҳои бонусӣ, кэшбэк, пардохти фоиз аз амалиёти гузаронидашуда ва дигар роҳу воситаҳои ҳавасмандгардониро пешниҳод менамоянд.

Кортҳои пардохтии бонкӣ 5,7 миллион, ҳамёнҳои электронӣ 7,7 миллионро ташкил медиҳанд.

Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки дар маҷмӯъ чораҳои андешида ба афзудани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ва теъдоду ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ мусоидат намудаанд. Тибқи маълумоти оморӣ, зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ нисбат ба солҳои қаблӣ хеле рушд кардааст. Аз ҷумла, то 31 майи соли 2023 миқдори умумии кортҳои пардохтии бонкӣ 5,7 миллионро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43 фоиз зиёд шудаанд. Инчунин, теъдоди ҳамёнҳои электронӣ 7,7 миллионро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 63% афзудааст.

Ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 4 152 POS–терминал ва 19 708 QR–рамзро насб кардаанд, ки шумораи POS-терминалҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 9,2 фоиз ва QR–рамзҳо ба андозаи 34,5 фоиз зиёд мебошад.

Дар 5 моҳи соли 2023 тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ барои хариди молу пардохти хизматрасонӣ зиёда аз 18 миллион амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 4,4 миллиард сомонӣ гузаронида шудааст, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, аз рӯйи шумора 55 фоиз ва аз рӯйи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 91 фоиз зиёд мебошанд. Дар ин давра таносуби ҳаҷми амалиётҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ 83 фоиз ба 17 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ 6,3 банди фоизӣ зиёд гардидааст.

Гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдии хизматрасонии давлатӣ на танҳо аз низоми бонкӣ вобастагӣ дорад, балки андешидани чораҳои таъхирнопазирро аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ талаб менамояд.

Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдии хизматрасонии давлатӣ зарурати ташаккули инфрасохтори дахлдори қабули пардохтҳоро дар назди мақомоти давлатӣ тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз, вазорату идораҳо ва корхонаҳои давлатие, ки хизматрасонии пулакиро ба аҳолӣ пешниҳод менамоянд, бояд фавран низомҳои иттилоотию билингии худро созмон дода, якҷо бо низоми бонкии мамлакат ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони мазкур ҳатман чораҳои зарурӣ андешанд.

То қабули Фармони мазкур аз ҷониби низоми бонкии мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст. Дар ин самт шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бо қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатӣ дар ин самт ҳамкорӣ намуда истодаанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ, қабули пардохти як қатор хизматрасониҳои давлатӣ ба таври ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ роҳандозӣ гардид, аз ҷумла, пардохти як қатор андозҳо, раводиди электронӣ, пардохтҳои гумрукӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ, пардохти маблағҳои истифодаи қувваи барқ, об, гармидиҳӣ ва ғайра ба роҳ монда шуд.

Таҳлили вазъи низоми бонкӣ далели он аст, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ тамоми инфрасохтори барномавию техникии заруриро барои татбиқи босамари Фармон дар ихтиёр дошта, дар сурати тақвияти ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ омодаанд қабули пардохти ғайринақдии хизматрасонии давлатиро тавассути замимабарномаҳои мобилӣ, шабакаҳои терминалӣ ва дигар роҳу усулҳои хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ ба роҳ монанд.

Tags: