17 октябр муовини дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Бадр ал-Дувайшӣ, ҳайати расмӣ ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайд ба шаҳри Норак сафар намуданд.
Меҳмононро муовини раиси шаҳри Норак Шаҳло Ҳасанзода ва аҳолии шаҳр дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ таҳти садои карнаю сурнай пешвоз гирифтанд.
Ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт аз намоиши рангини маҳсулоти ҳунарҳои мардумии аҳолии меҳнатдӯсти шаҳри Норак боздид намуд.
Дар намоиш осори тасвирии мактаббачагону мусаввирони касбӣ, маҳсулоти гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошӣ, асбоби мусиқӣ, либосу кулоҳи миллӣ, гулпарварӣ, инчунин меваю хушкмева ба маъраз гузошта шуда буд. Меҳмонон зимни тамошои намоиш ба ҳунару маҳорат ва зебоиофарии мардуми шаҳри Норак аҳсант хонданд.
Сипас дар толори Қасри фарҳанги шаҳр барномаи консертии ҳунарпешаҳои кувайтӣ баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳри Норак Шаҳло Ҳасанзода барномаи фарҳангиро оғоз намуда, иброз дошт, ки «баргузории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон далели таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ мебошад. Мо хеле хурсандем, ки санъаткорони кувайтӣ ба шаҳри мо ташриф оварданд. Ин имкон медиҳад, ки мо ба меҳмонон фарҳангу ҳунари хешро муаррифӣ намоем ва аҳли шаҳр низ бо санъати Кувайт аз наздик шинос шаванд».
Чун анъанаи рамзи дӯстӣ аз ҷониби намояндагони ду давлат туҳфаҳо тақдим гардиданд. Инчунин чанд нусха китобҳо оид ба таърих ва фарҳанги Давлати Кувайт ба мардуми шаҳри Норак эҳдо шуданд.
Барномаи консертии ҷолиб, ки дар он гурӯҳи бонувони сароянда ва мутрибони кувайтӣ ҳунарнамоӣ карданд, аз ҷониби тамошобинон хеле хуш пазируфта шуд.
Баъди анҷоми барномаи консертӣ меҳмонон аз обанбор ва Неругоҳи барқии обии «Норак» дидан намуданд.
Дар назар аст, ки имрӯз меҳмонон ба ноҳияи Варзоб сафар намуда, аз табиати нотакрори ин дараи хушманзараи Тоҷикистон дидан намоянд.
АМИТ «Ховар»