Рӯзҳои 26-27 ноябр дар Ашқобод конфронси байналмилалӣ оид ба шабакаи нақлиёти устувор баргузор мегардад. Дар кори он дар радифи намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ, ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок менамояд.
Конфронси байналмилалӣ оид ба шабакаи нақлиёти устувор дар асоси Эъломияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мусоидат ҷиҳати ташкили долони бисёрсамтаи нақлиёт -ҳамл, таъмин ва тақвияти ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ оид ба намудҳои гуногуни нақлиёт, ки моҳи декабри соли 2015 дар иҷлосияи 70-уми Маҷмаи кулли СММ қабул гардида буд, гузаронида мешавад.
Интизор меравад, ки дар конфронси байналмилалӣ масъалаҳои муҳими марбут ба рушди шабакаи нақлиёт, назири нақлиёти устувор ва тағирёбии муҳити зист, энергетика ва нақлиёт, шабакаи нақлиёти шаҳрӣ ва нақлиёти роҳу коммуникатсионии байни шаҳрҳову деҳот, ҷалби сармоя ва маблағгузорӣ ба соҳаи нақлиёт, ҳамкории байналмилалӣ дар бахши нақлиёт ва асосҳои ҳуқуқии он, инчунин рушди бисёрсамтаи долонҳои нақлиётӣ, инфрасохтори он ва таъмини амнияти ҳаракат дар роҳҳо баррасӣ гарданд.
Дар назар аст, ки ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон дар радифи иштирок дар кори конфронси байналмилалӣ, дар маросими тантанавии ифтитоҳи навбати якуми роҳи оҳани байналмилалии Осиё ё долони нақлиётии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон Туркманистон, қитъаи Атамурод-Имомназар (Туркманистон)-Акина (Афғонистон) ва ифтитоҳи терминал оид ба қабул, нигоҳдошт ва боркашонии маҳсулоти нафтӣ дар нуқтаи гумрукии Имомназар ширкат намоянд.
АМИТ «Ховар»