Имрӯз дар шаҳри Кемеровои Россия маросими дафни нафароне, ки дар натиҷаи сӯхтор дар Маркази савдои «Зимняя вишня» ҳалок шудаву ҷасадҳояшон шиносоӣ шудааст, оғоз гардид. Дар ин бора шабакаи телевизионии «Россия» хабар дод.
Даҳҳо нафар ба ибодатгоҳи Знаменский барои хайрбод бо муаллимаи 37-сола Татяна Дарсале ҷамъ омаданд. Ӯ пас аз баровардани духтарчаи 14-солааш аз даруни сӯхтор метавонист зинда монад, вале дубора барои наҷоти дигар кӯдакон ба дохили маркази савдо ворид шуд. Ин дафъа баромадан аз коми оташ ба ӯ муяссар нагардид.
ВАО инчунин дар бораи курсанти корпуси ВҲФ Дима Полухини 17-сола хабарҳо нашр карданд, ки ӯ ҷони худро ба хатар гузошта, чандин кӯдаконро аз ҳалокат наҷот дод. Хушбахтона, ӯ зинда монд.
Имрӯз боз ВАО доир ба ду нафар қаҳрамонҳое, ки ҷони худро ба хатар гузошта, одамонро наҷот доданд, маълумот паҳн карданд. Тавре шабакаи «Россия-24» хабар дод, Хуршед ва Фарзон — савдогару муҳофизи тоҷики мағозаи пойафзоли ин Маркази савдо қариб 50 нафарро наҷот доданд. «Онҳо тавонистанд ҷараёни тахлияро аз ошёнаи дуюм тариқи баромадгоҳи эҳтиётии мағозаи худ ташкил намоянд. Онҳо ба одамоне, ки аз дуд роҳгум зада буданд, роҳи ба кӯча баромаданро нишон медоданд», — менависад «Вести.ру».
Қаблан наврасон дар барномаи «Прямой эфир»-и Андрей Малахов дар бораи бо кумаки мураббиён ва муҳофизон аз сӯхтор дар Маркази савдо наҷот ёфтанашон нақл карда буданд. Воқеан дар чунин ҳолатҳо дар хотир нигоҳ доштани шахсони наҷотдиҳанда на ҳама вақт мумкин аст.
ДАР АКС: Хуршед ва Фарзон
АМИТ "Ховар"