Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 14 марти соли 2018 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар овони 25-умин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ баргузор гардид, Сарони давлатҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил ва ошкорбаёнии ҳамаҷониба дурнамои тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро, муҳокима намуданд.

Роҳбарони давлатҳо таъмиқи тағйирнопазирии самти сиёсиро оид ба рушди муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон тазаккур дода,

бо изҳори эътиқод бар он, ки баровардани ҳамкориҳои дуҷонибаи бисёрҷанба ба сатҳи сифатан нав ҷавобгӯйи манфиатҳои дарозмуддати ду халқи ба ҳам бародар буда, ҳамчун омили муҳим барои таъмини субот, амният ва рушди устувори Осиёи Марказӣ хизмат хоҳад кард,

бо такя ба принсипҳое, ки дар аҳдномаҳо дар бораи асосҳои муносибот аз 13 январи соли 1993 ва оид ба шарикии стратегӣ аз 14 сентябри соли 2015 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дарҷ шудаанд,

чунин изҳор менамоянд:

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба хислати стратегии муносибатҳои дуҷониба, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ аҳамияти мутлақо бузург медиҳанд.

Сарони давлатҳо наздик ва мувофиқ будани мавқеъҳои худро дар масъалаҳои калидии сиёсати байналмилалӣ таъкид дошта, инчунин нияти худро оид ба фаъолтар сохтани ҳамкорӣ дар доираи Созмони милали муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди давлатҳо мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, МҲТБО, Маркази минтақави иттилоотӣ ва ҳамоҳангзосии  зиддимухадиротӣ барои Осиёи Марказӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ собит намуданд.

Дар ин росто Президентҳо фаъолияти Ҷумҳурии Қазоқистонро ҳамчун аъзои ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ дар солҳои 2017-2018 ва пешбурди ба хотири манфиатҳои умумии кишварҳои Осиёи Марказӣ баланд арзёбӣ карданд.

Президентҳо зарурати густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар чолишу таҳдидҳо ба амнияти байналмилалӣ ҳам дар сиғаи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи сохторҳои байналмилалӣ қайд намуданд.

Роҳбарон 3-4 майи соли 2018дар Тоҷикистон баргузор гаштани Конфронси байналмилалии сатҳи баландро таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва тундгароӣ”, ки ҳамчун заминаи воқеӣ барои муколама ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар ин арса хизмат хоҳад кард, бамвриду саривақтӣ номиданд.

Роҳбарони ду кишвар ҷонибдории худро ба манзури ҳар чӣ зудтар барқарор кардани сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тасдиқ карданд ва майлу талоши хешро барои рушди ҳамкориҳои дарозмуддат бо Афғонистон таъкид карданд.

Ҷонибҳо аҳамияти ташаббуси Тоҷикистонро дар бораи эълон гардидани солҳои 2018-2028 “Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» таъкид намуда, инчунин баргузории Конфронси марбутаи байналмилалии сатҳи баландро 20-22 июни соли 2018 дар ш. Душанбе муҳиму бамаврид маҳсуб ёфтанд.

Тарафҳо ҷонибдори истифодаи фарогир ва оқилонаи захираҳои обу энергетикии Осиёи Марказӣ буда, зарурати эҷоди абзорҳои устувор ва дарозмуддати ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақаро таъкид карданд. Онҳо роҳандозии фаъолияти гурӯҳи кории муштаракро оид ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳама самтҳои ҳамкорӣ марбут ба соҳаи об истиқбол намуданд.

Ҷонибҳо қайд карданд, ки истифодаи одилона, оқилона ва фарогири захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ барои расидан ба рушди устувор, субот ва рифоҳи тамоми минтақа омили муҳим мебошад.

Президентҳо нақши муҳими Бунёди байналмилалии наҷоти Аралро дар муттаҳидсозӣ ва афзоиши самаранокии ин иқдомот ҷиҳати рафъи кардани пайомадҳои фоҷеаи Арал тазакур дода, омодагии ду кишварро барои ҳамкориҳои фаъолона ва зичи минбаъда дар доираи Бунёди мазкур баён карданд.

Сарони давлатҳо манфиатдории мутақобилаи ҷонибҳоро дар истифодаи фарогири ва оқилонаи захираҳои обу энергетикии Осиёи Марказӣ ба инобат гирифта, нақши мусбати иншоотҳои гидроэнергетикии дар дарёҳои фаромарзӣ бунёдшавандаро барои мусоидат ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоии тамоми минтақа дар асоси меъёр ва қоидаҳои эътирофшудаи байналмилалӣ қайд намуданд.

Сарони Тоҷикистону Қазоқистон бо қаноатмандӣ тамоюли  мусбат дар рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишварро қайд намуда, ҳавасмандии муштаракро ҷиҳати таъмини афзоиши доимии ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, диверсификатсияи сохтори он ва вусъат додани шаклҳои дарозмуддати ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ изҳор доштанд.

Ҷонибҳо авлавиятнокии ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи нақлиёт ва рушди долонҳои транзитӣ, ки дастрасии кӯтоҳтарин ва самаранокро ба бозорҳои хориҷӣ таъмин менамоянд, таъкид карданд.

Президентҳо фаъолияти Комиссияи байниҳукуматиро оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ҷаласаи сенздаҳуми он 12-13 феврали соли 2018 дар ш.Душанбе бомуваффақият баргузор гардид, ба таври мусбат арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо нақши ҳамоҳангсозии Комиссияи муштаракро ҳамчун абзори самараноки суратбахши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар соҳаҳои афзалиятноки шарикии дуҷониба таъкид карданд.

Роҳбарони давлатҳо ҷонибдории тарафҳоро аз густариши ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва саноати мудофиавӣ тасдиқу таъкид карданд.

Сарони давлатҳо дурнамои имкониятҳои мавҷудаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи фаъолияти кайҳонӣ ва нияти татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан судмандро дар ин ҷода қайд намуданд.

 

Роҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар, ҳавасмандгардонии муҳоҷирати меҳнатӣ ва танзими масоили ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, башарӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ин арсаро муҳим арзёбӣ карданд.

Сарони давлатҳо умумияти фарҳангию таърихии ду халқро қайд карда, ҷонибдории худро аз рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, санъат, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, варзиш ва дигар арсаҳо тасдиқу собит намуданд.

Бо дарназардошти нақши хоссаи диаспораҳои тоҷику қазоқ дар наздиксозии ду халқи бародар, ҷонибҳо омодагии хешро ба идомаи корҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷомеаҳо вобаста ба нигаҳдорӣ ва рушди забони модарӣ, фарҳанг, анъана ва урфу одатҳои миллӣ, андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои дахлнопазир ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони тарафҳо таъкид сохтанд.

Роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон  аҳамияти татбиқи дурусти шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи имзошуда, инчунин тавсеаи минбаъдаи асоси шартномавӣ-ҳуқуқии равобити миёни ду давлатро, ки барои таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ пойдевор мебошад, зикр намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев даъват ба амал овард, то дар фурсати муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари ҷавобӣ анҷом диҳад. Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон даъвати мазкурро бо арзи сипос қабул кард. Муҳлати сафар бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда хоҳад шуд.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
  Президенти
Ҷумҳурии Қазоқистон
 Нурсултон Назарбоев

ш. Остона, «14»  марти соли 2018.