Истеҳсоли ваксинаи Россия бар зидди коронавирус дар ду ҳафтаи оянда шурӯъ мешавад

Бастаи аввали ваксинаи зидди коронавируси Россия дар тӯли ду ҳафта тавлид  ва дар қадами аввал ба одамони шомили гурӯҳи хатар дастрас хоҳад шуд. Тавре ки  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Интерфакс иттилоъ медиҳад, дар ин хусус роҳбари Вазорати тандурустии Россия Михаил Мурашко зимни нишасти матбуотӣ, рӯзи чоршанбе, 12 август эълом намудааст.

«Назорати сифати дору имрӯз ҳам идома дорад. Дар тӯли ду ҳафта бастаҳои нахустини ин дору таҳия ва барои эмкунии табибони шомили гурӯҳи  хатар истифода хоҳанд шуд», — гуфт вазир.

Даъвоҳоро дар бораи ин ки ваксинаи зидди коронавируси дар Россия ба қайд гирифта шуда гӯё бехатар нест, Мурашко беасос номид. «Ҳамкасбони хориҷӣ шояд рақобатпазирии ваксинаи  Россияро ҳис ва кӯшиш мекунанд, ки баъзе фикрҳоро баён кунанд, вале ба назари мо, онҳо комилан беасосанд. Воқеан, бисёр кишварҳо реҷаи сареъро барои гузаронидани таҳқиқот истифода намуданд, аммо ваксинаи Россия ин қарорест, ки аллакай маълумоти муайяни клиникӣ дошт», — гуфт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, заминае, ки рӯи он ваксина коркард шудааст, аз доруҳое иборат аст, ки як қисми онҳо дар марҳилаи таҷрибаҳои клиникӣ қарор доранд ва қисми дигари онҳо аз озмоишҳо гузашта,  сабти ном шудаанд.

Рӯзи сешанбе президенти Россия Владимир Путин эълом кард, ки Россия  нахустин дар ҷаҳон ваксинаи зидди  уфунати коронавирусро сабти ном намуд. Доруи  дар Институти ба номи Гамалей коркардшуда, тавре ки дар ҷаласа эълон шуд, дар корхонаи дорусозии “Биннофарм” дар Зеленоград (шомили системаи АФК мебошад) истеҳсол хоҳад шуд. Хароҷоти вобаста ба коркард ва истеҳсоли ваксинаро Фонди сармоягузории мустақими Россия  (ФСМР) маблағгузорӣ мекунад. Вазорати тандурустӣ изҳор менамояд, ки  ваксина бехатар аст. Путин эълом намуд, ки яке аз духтаронаш ваксинаро  бомуваффақият эм намудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: