Иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи Намоишгоҳи 5-уми байналмилалии «ЭКСПО Чин-Аврупою Осиё»

Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Урумчии Ноҳияи мухтори Синзян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин дар расми ифтитоҳи Намоишгоҳи 5-уми байналмилалии «ЭКСПО Чин-Аврупою Осиё» иштирок ва суханронӣ намуд.
Намоишгоҳи 5-уми байналмилалии «ЭКСПО Чин-Аврупою Осиё» дар Маркази байналмилалии намоишҳои Синзян оғоз гардида, то 25-уми сентябри соли равон идома меёбад.
Дар намоишгоҳ, ки таҳти шиори «Баррасӣ, ташкил ва истифодаи муштарак; Роҳи бузурги абрешим-имкониятҳо ва оянда» доир мегардад, дастовардҳои бахшҳои гуногуни соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварҳои доираи иштирокчии чорабинӣ ба маърази намоиш гузошта шудаанд.
Зимни суханронии худ Сарвазири мамлакат дар расми кушодашавии чорабинии муҳими байналмилалӣ ба ташкилкунандагони он ва даъвати ҷониби Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоишгоҳ изҳори сипосу минатдорӣ намуда, баргузории Намоишгоҳи 5-уми байналмилалии «ЭКСПО Чин-Аврупою Осиё»-ро майдони фарохи баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷабҳаи кишварҳои доираи Осиё ва Аврупо арзёбӣ кард.
Сарвазири мамлакат аз талошҳои роҳбарияти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушду тавсеаи ҳамкории гуногунҷабҳаи кишвари мо бо давлатҳои саргаҳ ва атрофи Роҳи абрешим ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ин ҳамкорӣ дар оянда ба раванди шарикӣ, ҳамсоягии нек, таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва рушди муносибатҳои гуманитарӣ мусоидати фаъол хоҳанд кард.
Дар кори Намоишгоҳи байналмилалӣ ҳамчунин намояндагони баландмақом ва коршиносону мутахассисони варзидаи дигар кишварҳои минтақа сухан гуфтанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: