Иштирокдорони Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» бо минтақаҳои зебои Тоҷикистон шинос мешаванд

Тавре қаблан иттилоъ додем, 16 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик маросими ифтитоҳи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» оғоз гардид. Дар доираи он имрӯз, 17 октябр тибқи нақша   меҳмонон ба шаҳри Турсунзода сафар менамоянд.  

Дар шаҳри Турсунзода  меҳмонон бо  Осорхона ва   мактаби санъат шинос шуда, дар барномаҳои фарҳангӣ дар боғи марказии  шаҳр иштирок менамоянд. Ҳамзамон сафари меҳмонон ба шаҳри  Ҳисор дар назар аст.

Сипас соати 18:00 Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Узбекистон дар Тоҷикистон оғоз гардида, дар он  рӯнамоии лоиҳаи филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ»,  (барномаи фарҳангӣ) доир мешавад. Инчунин дар кинотеатри  «Наврӯз» намоиши филми ҳунарии «Узбекдухтар» бо  коргардонии Акбар Бектурдиев манзури тамошобинон мегардад.

Хотиррасон  мешавем, ки дирӯз дар кинотеатри «Наврӯз» Рӯзҳои кинои Русия оғоз гардид.

Рӯзҳои кинои Русия дар Душанбе бо филми ҳунарии «Аз чашм дуру ба дил наздик» (Далёкие близкие) оғоз шуд.

Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» бо ибтикори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баргузор шуда, дар доираи он сокинону меҳмонони пойтахт давоми панҷ рӯз беҳтарин офаридаҳои синамогарони рус ва дигар  давлатҳоро тамошо намуда метавонанд.

Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» то 19 октябр идома меёбад. Дар он  меҳмонони зиёде аз давлатҳои Русия, Узбекистон, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва ғайра иштирок доранд.

Tags: