Имрӯз — Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо диабети қанд: кӯдакони гирифтори диабети қанд пурра бо инсулин таъмин мебошанд

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо диабети қанд соли 1991 аз сабаби зиёд гаштани шумораи беморон аз ҷониби Федератсияи байналмилалии диабет (International Diabetes Federation, IDF) ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (World Health Organization) эълон гашта буд.
Моҳи январи соли 1922 олими ҷавони канадагӣ Фредерик Бантинг якумин маротиба аз тариқи инсулин писарбачаи 14-соларо аз марг наҷот дод.
Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, ин беморӣ бештар дар байни чавонон ба назар мерасад ва дар ҳолати густариш аст. Ҳамасола гирифторони ин беморӣ ба ҳадди 6-10% афзоиш меёбанд. Сабаби онро аксар мутахассисон дар фарбеҳии зиёд ва аз меъёр зиёд будани холестерин ва равған дар таркиби хун медонанд. Диабети қанд бемории хатарнок буда, дар ин беморӣ гармонҳо бо номи «инсулин» ё тавлид намешаванд, ё ба шакли зарурӣ фаъолият намекунанд.
Инсулин барои табдили қанди таркиби хун ва ғизоҳо ба энергия хизмат мекунад. Дар шахсони гирифтори ин беморӣ бо далели он ки инсулин камбудӣ дорад ва ба хубӣ амал намекунад, қанд (глюкоза) то сатҳи хатарнокӣ дар хун боло меравад.
«Тибқи барномаи пешгирии бемориҳои диабети қанд пешбинӣ шудааст, ки ҳиссаи маблағгузорӣ барои харидории инсулин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра пардохт карда шавад. Солҳои пеш ин масъала тавассути ташкилотҳои сармоягузори ёрирасон ё шарикон оид ба рушд ҳалли худро меёфт. Солҳои минбаъда ҳиссагузории Ҳукумати кишвар оид ба харидорӣ аз ҳисоби буҷаи давлат рӯ ба афзоиш ниҳод ва тибқи таҳлилҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сатҳи умумии беморшавӣ дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2014-2016 нисбатан паст рафтааст. Агар соли 2013-ум 31 ҳазору 117 нафар бемор ба қайд гирифта шуда бошанд, ин рақам дар соли 2014-ум 34 ҳазору 853 нафар ва соли 2015-ум 26 ҳазору 930 нафарро ташкил дода буд. Ҳол он ки соли 2013 бо беморшавии аввалия 4938 нафар, соли 2014-ум 5249 нафар ва соли 2015-ум 9991 нафар муроҷиат намудаанд. Мутаассифона, солҳои охир ин беморӣ байни кӯдакон низ зиёд ба чашм мерасад»,- бо таассуф баён намуд муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, аз ҳисоби умумии маблағҳои ба соҳаи тандурустӣ ҷудошаванда, барои инсулин низ маблағ муайян шудааст. Маводи инсулин дастраси ҳамагон аст. «Имрӯз кӯдакони бемор пурра бо инсулин таъмин мебошанд. Масъалаи таъминоти калонсолон бо инсулин каме мушкилӣ ба миён овардааст. Вазорат ният дорад, ки тавассути ташкилотҳои байналмилалӣ ин мушкилотро ҳал намояд ва пешниҳодҳоро аллакай ба онҳо ирсол намудааст»,-илова намуд Н. Ҷаъфаров.
Ба андешаи мусоҳиб, сабаби паҳн гаштани ин беморӣ дар байни кӯдакон на танҳо ирсият, балки ҳолати равонии инсон, истеъмоли хӯрокҳои гуногун мебошад. «Тадқиқоти гузаронда нишон медиҳанд, ки байни кӯдакони ҷумҳурӣ аломатҳои фарбеҳшавӣ хеле зиёд ба назар мерасанд. Сабаби он пурхӯрӣ ё истеъмоли нодурусти хӯрок мебошад, ки ба пайдоиши бемории қанд метавонад сабаб шавад. Дар назди Маркази ҷумҳуриявии эндокренологӣ мактаби диабетикӣ барои хурдсолон ва калонсолон фаъол мебошад. Чунин мактабҳо дар назди марказҳои саломатии кишвар низ мавҷуданд. Дар ин мактабҳо тарзи дурусти истеъмоли ғизо ва паст кардани омилҳои хатарнок омӯзонида мешаванд. Ин ҷо тарбияи ҷисмонӣ низ ба назар гирифта шудааст. Вазорат дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Вазорати маориф ва илми кишвар бо назардошти истеъмоли дурусти хӯрок дар кӯдакистону мактабҳо ҳамкорӣ менамояд»,-зикр намуд муовини вазир.
Дар айни замон дар Тоҷикистон беш аз 35 ҳазор нафар беморони диабети қанд ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 4 ҳазор нафар бояд бо инсулини бепул таъмин карда шаванд.
Ҳамасола барои як нафар бемор аз 18 то 20 инсулин зарур аст, ки он дар дорухонаҳои пойтахт аз 80 то 120 сомонӣ арзиш дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: