Имрӯз соати 15:10 ба вақти маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.
Ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази зилзила дар километри 295-уми қисмати ҷанубу шарқи Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон воқеъ будааст.
Шиддати заминларза дар маркази он 4 балл ва дар Душанбе — 2-3 баллро ташкил дод.