Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона -1+4, рӯзона +13+18 ва дар шарқи ин вилоят шабона -10-15 ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок дар назар буда, дар водиҳо шабона +9+14 ва рӯзона +25+30 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, ҳарорат шабона ба 4+9 ва рӯзона ба +24+29 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар буда, шабона +5+7 ва рӯзона +25+27 дараҷа гарм мешавад.