Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СААД баргузор мешавад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (АП СААД) баргузор мешавад. Ҳайатҳои кишварҳои узви АП СААД шоми дирӯз ба Душанбе омаданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҷаласаро раиси Думаи давлатии Россия Вячеслав Володин раисӣ мекунад. Дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, Раиси парлумони Арманистон, раисони палатаҳои поёнии парлумонҳои Россия, Беларус, Қазоқистон, Афғонистон (кишвари нозир дар СААД), роҳбари парлумони Сербия (кишвари нозир), инчунин дабири кулли СААД Станислав Зас ва котиби иҷроияи АП СААД Сергей Поспелов иштирок мекунанд.

Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Арарат Мирзоян, Муовини Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Шакиров, Раиси Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Нигматулин дар ҷаласаи Шӯрои АП СААД дар тариқи видео-конфронс ширкат меварзанд.

Ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви созмон дар давраи солҳои 2021-2025 шомил аст. Ғайр аз ин, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ният доранд, ки вазъ дар Афғонистонро баррасӣ кунанд.

Субҳи имрӯз сарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои узви АП СААД-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазиранд. Сипас онҳо дар маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи қаҳрамони миллии Тоҷикистон Исмоили Сомонӣ ширкат меварзанд.

Дар баробари ин, интизор меравад, ки Раиси Думаи давлатӣ бо Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси палатаи поёнии парлумони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқотҳои дуҷониба анҷом диҳад.

Шӯрои АП СААД фаъолияти ассамблеяро ташкил мекунад ва аз сарони парлумонҳои (роҳбарони палатаҳои парлумонҳои) Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон иборат аст. Дар ҳоли ҳозир раёсати АП СПАД-ро Раиси Думаи давлатии Россия раисӣ мекунад.

АМИТ «Ховар»

Tags: