Теъдоди ҷангҷӯёни созмони террористии «Давлати Исломӣ» (ДИ, созмоне, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон мамнӯъ аст – шарҳи АМИТ «Ховар») дар Сурия ва Ироқ метавонад ба 18 ҳазор бирасад ва боз тақрибан 1 ҳазор ҷангҷӯи дигар дар Афғонистон қарор дорад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора «Гузориш оид ба терроризм дар кишварҳои дунё дар соли 2019″, ки дар сомонаи Департаменти давлатии ИМА интишор шудааст, гуфта мешавад.
Дирӯз, 24 июн Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар Вашингтон гузориши солонаро дар бораи масъалаҳои вобаста ба терроризм дар соли гузашта муаррифӣ кард.
Сарвари Вазорати корҳои хориҷии ИМА маросими муаррифии гузоришро дар департаменти давлатӣ ифтитоҳ ва аз таваҷҷӯҳи маъмурияти кунунӣ нисбати мубориза алайҳи терроризм ёдовар шуд.
«Роҳбари Департаменти давлатӣ ба нақши ғайрисозандаи Эрон ва иқдомоти ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҷиҳати кашидани лаҷоми режими ҳоким дар Теҳрон таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуд. Ҳамзамон вай қайд намуд, ки ИМА омодааст, ки ҳангоми зарурат фаъолияти яктарафаи худро шурӯъ намояд» — хабар медиҳад «Садои Америка».
Помпео дар бораи таҳримҳои нав алайҳи Эрон сухан гуфта ва изҳори умедворӣ кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ зарурати онҳоро дарк хоҳад кард.
Дар посух ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба вазъ дар Шарқи Наздик ва алахусус дар Лубнон, Помпео таъкид кард, ки ҳукумати ин кишвар, ки кӯшиш ва тавонмандии худро ҷиҳати андешидани чораҳо алайҳи «Ҳизбуллоҳ» нишон медиҳад, метавонад ба дастгирии ИМА умед бандад.
Котиби Давлатӣ ба муносибатҳои байни Исроил ва фаластиниҳо дахл намуд ва роҳбарияти фаластинҳоро, ки ба кӯшишҳои ИМА ҷиҳати ба роҳ мондани муколама байни ҷонибҳо мамониат мекунанд, танқид кард.
Шумораи ҷангҷӯёни созмони террористии «Давлати исломӣ» дар Сурия ва Ироқ метавонад ба 18 ҳазор нафар бирасад ва қариб 1 ҳазор ҷангҷӯи дигар дар Афғонистон қарор дорад. Дар гузориш зикр шудааст, ки аз соли 2015 ба ин тараф ин гурӯҳ кӯдаконро дар ҳайати дастаҳои худ ҳамчун қотил ва террористи маргталаб истифода менамояд. Дар ин ҳол, маблағгузории гурӯҳ аз ҳисоби фаъолиятҳои ҷиноӣ дар Ироқ ва Сурия сурат мегирад.
Дар фарҷоми муаррифӣ, дар посух ба саволҳои намояндагони матбуот, намояндаи махсуси Департаменти давлатӣ оид ба мубориза бо терроризм Натан Сейлс аз кӯшишҳои ИМА алайҳи созмонҳое, ки волоияти нажоди сафедро тарғиб менамоянд, ёдовар шуд. Дар ин замина, Сейлс дар бораи таҳримоти ИМА алайҳи созмони экстремистии «Наҳзати империяхоҳии Россия» суҳбат кард.
Тавре дар изҳороти шуъбаи зиддитеррористии Департаменти давлатӣ зикр шудааст, соли 2019 Иёлоти Муттаҳида ва шариконаш дар мубориза бо созмонҳои байналмилалии террористӣ ба пешравиҳои назаррас ноил шудаанд. Чунончи, дар моҳи март ИМА ва эътилофи байналмилалии зидди ДИ кори нобудсозии ба ном «хилофат»-ро дар Ироқ ва Сурия ба анҷом расониданд.
Аммо, сарфи назар аз ин дастовардҳо, таҳдидҳои террористӣ дар ҷаҳон то ҳол вуҷуд доранд, аз ҷумла аз тарафи «Давлати исломӣ», режими эронӣ ва лӯхтакҳои он, «Ал-Қоида» ва созмонҳои дигар.
Департаменти давлатӣ инчунин аз як қатор дастовардҳои калидӣ дар самти мубориза бо терроризм ёдовар шуд. Чунончи, моҳи октябри соли гузашта, дар натиҷаи ҳамлаи низомии ИМА дар Сурия, роҳбари ДИ Абубакр ал-Бағдодӣ маҳв карда шуд.
Дар моҳи апрел, Котиби давлатӣ Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, аз ҷумла воҳиди махсуси он «Қудс»-ро ҳамчун созмони террористии хориҷӣ эътироф кард. Дар моҳи сентябр, президент Трамп дар мариди ба таври қобили мулоҳиза таҷдид намудани ваколатҳо оид ба мураттаб намудани рӯйхати ташкилотҳои террористӣ пас аз рӯйдодҳои 11 сентябр дастур содир намуд. Дар тӯли сол ҳукуматҳои як қатор кишварҳо дар нимкурраи Ғарбӣ ва Аврупо «Ҳизбуллоҳ»-ро* ҳамчун созмони террористӣ эътироф намуданд.
Дар гузориш Россия, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки ҳамкории байналмилалиро дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм идома медиҳанд, номбар шудаанд. Ин, аз ҷумла ҳангоми машқҳои муштараки байналмилалӣ бо иштироки ин кишварҳо зоҳир гардид.
Дар гузориш инчунин кӯшишҳои ИМА ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти нав ва ҷорӣ, аз ҷумла бозгардонидани ҷангиёни хориҷӣ, алалхусус ба Аврупои Ғарбӣ; тавсеаи филиалҳо ва шабакаҳои ДИ дар Африқо; ва хатари терроризм дар заминаи нажодӣ ё қавмӣ номбар шудаанд.