Хисороти заминҷунбӣ дар Тоҷикобод муайян гардид, масъалаи расонидани кумак баррасӣ мешавад

Гурӯҳи кории байниидоравӣ хисороти заминҷунбиро дар деҳоти ноҳияи Тоҷикобод муайян намуд. Дар ин хусус хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. 

«Ба асари заминҷунбӣ 26 манзили истиқоматӣ қисман зарар дидаанд, 85 хонаи истиқоматӣ ва биноҳои ёрирасони воқеъ дар деҳаҳои Ганишоб, Сафедоб, Дараи Назараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби об, Себистон, Ширинчашма, Сари Най ва Полезаки ҷамоати деҳоти Ширинчашма, Нушори ҷамоати деҳоти Нушор, Зарафшон ва Шаҳристони ҷамоати деҳоти ба номи М. Шогадоев каму беш осеб дидаанд», — тазаккур дод манбаъ.

Санҷиш нишон дод, ки хонаҳои аз заминҷунбӣ зарардида дар солҳои 70-80-уми асри гузашта бидуни риояи қойидаҳо ва меъёрҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии маҳаллӣ бунёд шудаанд. Заминҷунбӣ талафоти ҷонӣ ба бор наовардааст.

Айни замон масъалаи расонидани кумаки зарурӣ ба аҳолии зарардида баррасӣ ва ҳаллу фасл мешавад.

Хотирнишон менамоем, ки 4 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминдарза ба кайд гирифта шуд. Маркази заминларза 201 километр дуртар аз самти шимолу шарқии Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод воқеъ буд. Қувваи заминларза дар марказ 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил дод.

AMИT «Ховар»

Tags: