Моҳи августи соли равон беш аз 1 ҳазору 503 нафар шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ ба шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе муроҷиат намудаанд.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ба ҳар шаҳрванди қабулгардида барои омодагии пеш аз сафар ба Федератсияи Россия маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, онҳоро таъкид мекунанд, ки ба наздиконашон қонунгузориҳои нави Федератсияи Россияро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонанд.
Зикр гардид, ки рӯйхати муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия муваққатан манъ шудааст, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои бо кор таъмин намудан ирсол гардидааст.
Ба шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатие, ки касб надоранд, тавсия дода шуд, ки ба Маркази таълими калонсолон муроҷиат кунанд.
АМИТ "Ховар"