ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонон миёни сохторҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқот оид ба шоҳмот, шашка, тенниси рӯи миз, футболи хурд ва волейбол баргузор гардид. Сабқат байни кормандони сохторҳои кумита ба таври даставӣ ва инфиродӣ сурат гирифта, имрӯз 21 май ғолибон муайян гардиданд.
Баъд аз қувваозмоиҳои дурӯза дар намуди шоҳмот мақоми аввалро корманди дастгоҳи марказии кумита Холмаҳмади Дӯст соҳиб гашт. Миёни шашкабозон ҷойи якуми ифтихорӣ ба наворбардори Телевизиони Тоҷикистон Собири Абдурозиқ муяссар шуд. Дар мусобиқаи теннисбозӣ бошад ҷойи якум насиби корманди ТВ Варзиш Бахтибеков Фирӯз гашт. Ҳамин минвол натиҷаҳои даставӣ низ дар мусобиқот ҷамбаст шуданд. Дастаи дастгоҳи марказии кумита дар шоҳмот, Телевизиони Тоҷикистон дар шашка ва ТВ Варзиш дар тенниси рӯи миз дар садри мақомҳои ифтихорӣ қарор гирифтанд.
Волейболбозони Радиои Тоҷикистон ва футболбозони ТВ Ҷаҳоннамо ва ТВ Варзиш бинобар ғолибият дар марҳилаи сабқати дохилӣ, Кумитаро дар марҳилаи навбатии мусобиқот миёни вазорату идораҳои кишвар намояндагӣ хоҳанд кард.
Чорабинии варзишӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бобати оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа гузаронида мешавад.
Tags: