Футбол: мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон 6 апрел оғоз меёбад

Мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол 6 апрел оғоз меёбад.  Дар ин бора Кумитаи иҷроияи ФФТ қарори  худро ба тасвиб расонд.  

Дар мавсими 28-уми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ мисли соли гузашта 8 даста иштирок мекунад. Инҳо  «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), КМВА «Помир» (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Истаравшан» (Истаравшан)-ғолиби соли гузаштаи Лигаи якум мебошанд. Имсол ҳам Чемпионат дар се марҳила гузаронида шуда, дастаҳо 21 вохӯрӣ анҷом медиҳанд.

Тибқи низомнома, дастаи зинаи охири мусобиқа Лигаи олиро тарк мекунад. Дастае, ки дар ҷои ҳафтум аст, бо дастаи зинаи дуюми Лигаи якум барои дар Лигаи олӣ мондан дар бозии гузариш ширкат меварзад.

Лигаи миллии футбол рӯзҳои наздик қуръакашии бозиҳои Чемпионатро доир хоҳад кард.

Аз рӯи анъана, пеш аз оғози Чемпионат 29 март дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон бо ширкати  чемпиони соли гузашта ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018-дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва соҳиби медалҳои нуқраи Чемпионати мамлакат-2018- «Хуҷанд»-и Хуҷанд  гузаронида мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: