ФУТБОЛ. Маҳмадҷон Ҳабибуллоев сармураббии нави дастаи «Куктош» таъйин шуд

Дар Чемпионати Тоҷикистон аввалин истеъфои мураббӣ рух дод. Сармураббии дастаи «Куктош»  Раҳматулло Фузайлов бинобар натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста истеъфо дод. Яке аз мураббиёни муваффақи тоҷик, Мураббии шоистаи Тоҷикистон Маҳмадҷон Ҳабибуллоев  дар вазифаи сармураббии дастаи «Куктош» Раҳматулло Фузайловро иваз кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон. 

Пас аз ҳашт даври Чемпонати Тоҷикистон «Куктош» бо 9 имтиёз дар зинаи ҳафтуми ҷадвал қарор дорад.

Сармуррабии нави «Куктош» Маҳмадҷон Ҳабибуллоеви 55-сола бо дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода шаш маротиба дар Чемпионати Тоҷикистон медали тилло ба даст овардааст.

Ба ғайр аз «Регар-ТадАЗ», Ҳабибуллоев дар дастаҳои «Далерон-Ӯротеппа», «Равшан» ва «Ҳосилот» кор кардааст. Илова бар ин, дар як вақт ӯ дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. Чанде пеш мутахассиси 55-сола ҳамчун коршиноси шабакаи «Телевизионии Варзиш» кор кард.

Аввалин бозии Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба ҳайси сармураббии «Куктош» рӯзи шанбе, 11 июл баргузор мешавад. Дар ин рӯз дастаи ноҳияи Рӯдакӣ —  «Куктош» бо  дастаи «Файзканд»- и Восеъ вомехӯрад.

АМИТ «Ховар»

Tags: