ФУТБОЛ: имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ бо ҳам қувва месанҷанд

Имрӯз, соати 19:30  дар шаҳри Аҳмадободи   Ҷумҳурии Ҳиндустон   бозии финалии  Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои мунтахаби  футболи Тоҷикистон ва Кореяи  Шимолӣ баргузор  мешавад. Ин мавзӯъро шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад. 

Бояд зикр кард, ки   бозии охирини  марҳилаи гурӯҳии Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни  дастаҳои футболи  мунтахаби Ҳиндустон  ва   Сурия 16 июли соли 2019  дар шаҳри Аҳмадободи   Ҷумҳурии Ҳиндустон   дар сатҳи баланду хотирмон  баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом  расид. Баъд аз анҷоми ин рақобат ҳарифи дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар бозии ниҳоии Мусобиқаи байналмилалии байниминтақавии қаҳрамонҳо-2019 маълум гардид. Боз ҳам шогирдони Усмон Тошев бо дастаи мунтахаби  Кореяи Шимолӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Вохӯрии дастаҳо 19  июл, соати 19:30 (бо вақти Душанбе) сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки  15 июли  соли равон  дар шаҳри Аҳмадободи  Ҷумҳурии Ҳиндустон   дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии охири марҳилаи гурӯҳии Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» аз дастаи мунтахаби  Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 1:0 мағлуб гашт. Ягона тӯбро дар дақиқаи 33-юми бозӣ Ри Ҷун ба дарвозаи Рустам Ятимов ворид намуд.

Аммо ин нокомӣ барои роҳ ёфтани дастаи мунтахаби Тоҷикистон  ба бозии ниҳоӣ, ки интизор меравад 19  июли соли 2019 доир шавад, монеа нашуд. Дар ду бозии қаблӣ футболбозони тоҷик бар дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (4:2) ва Сурия (2:0) ғалаба карда, 6 имтиёз ба даст оварданд.

Ҷоми байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»

Бозии 3-юм

Кореяи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН – 1:0

Гол: Ри Хёнг Чжин, 33.

Бояд зикр кард, ки   7 июли соли  равон  дар шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон бозии даври якуми Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои мунтахаби футболи Ҳиндустон ва Тоҷикистон баргузор шуда, бо ҳисоби 4:2 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт.   Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.

Хотиррасон менамоем, ки  дар ин вохӯрии ҷолиб ҳарду голи дастаи мунтахаби Ҳиндустонро Сунил Четри дар дақиқаҳои 4-ум (аз пеналти) ва 41-ум ба ҳадаф расонид. Шогирдони Усмон Тошев дар қисми дуюми бозӣ пурра ба хатти ҳамла гузашта, дарвозабони дастаи мунтахаби Ҳиндустонро маҷбур намуданд, ки чор бор тӯбро аз дарвозааш берун орад. Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Комрон Турсунов, Шериддин Бобоев, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шаҳром Самиев ба ҳадаф расониданд. 

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»

Даври 1-ум

Ҳиндустон – ТОҶИКИСТОН – 2:4

Голҳо: Сунил Четри, 4 — пеналти (1:0). Сунил Четри, 41 (2:0). Комрон Турсунов, 56 (2:1). Шериддин Бобоев, 59 (2:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 71 (2:3). Шаҳром Самиев, 77 (2:4).

Бояд гуфт, ки  10 июли соли 2019  бозии даври дуюми Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои футболи мунтахаби  Тоҷикистон ва Сурия дар шаҳри Аҳмадободи   Ҷумҳурии Ҳиндустон  дар сатҳи баланду хотирмон доир  шуда, бо ҳисоби 2:0 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт.  Дар  ин дидори ҷолиб голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро  Комрон Турсунов ва Илҳом Баротов ба ҳадаф расонида, пирӯзии  дастаи мунтахаби Тоҷикистонро таъмин намуданд.

Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби яккачини Тоҷикистон бозии дуюми Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»-ро низ бо пирӯзӣ анҷом дод. Иштирок дар мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ ба даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба шумор меравад.

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»

Даври 2-юм      

ТОҶИКИСТОН – Сурия – 2:0

Голҳо: Комрон Турсунов, 46 (1:0). Илҳом Баротов, 67 (2:0).

Мавриди зикр аст, ки  Рустам Ятимов, дарвозабони дастаи миллии мамлакат дар вохӯрии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия беҳтарин бозингар интихоб гардид. Маҳорати дарвозабони ҷавони дастаи мо сабаби он шуд, ки бозӣ бе сар додани гол ҷамъбаст шавад. Ӯ дар чанд маврид бо сейвҳои  бозингарони  Сурия дарвозаро аз гол эмин нигоҳ дошт. Рустам баъди бозӣ аз ҷониби масъулини мусобиқа бо 2500 доллари ИМА қадрдонӣ шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал низ маблағи пулӣ барои беҳтарин футболбоз насиби узви дастаи мо Муҳаммадҷон Раҳимов гардида буд.

Финал

19 июл (ҷумъа)        

Оғози бозӣ соати 19:30 бо вақти Душанбе

ТОҶИКИСТОН – Кореяи Шимолӣ

АМИТ «Ховар»

Tags: