ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо ҳамсолони эронии худ бозиҳои дӯстона доир менамояд

23 ва 26 декабр, соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои дӯстона байни дастаҳои мунтахаби  наврасони  то  16-солаи Тоҷикистон ва Эрон баргузор мешаванд. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дастаи   мунтахаби наврасони то 16-солаи  Тоҷикистон оид ба футбол  таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев омодагиро ба бозиҳои дӯстона бо ҳамсолони эронии хеш оғоз кард. Барои ҷамъомади таълимӣ, ки дар шаҳри  Душанбе баргузор мешавад, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи  Тоҷикистон   Аҳлиддин Турдиев 22 бозингар — 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват кардааст.

Ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар бозии дӯстона бо   дастаи  мунтахаби   Эрон:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду – «Локомотив-Помир»), Суҳробхуҷа Юсупов («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Меҳрубони Абдурауф, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Ахтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Қурбоналӣ Муродов, Нурсултон Норбойзода (ҳама – «Локомотив-Помир»);

Нимҳимоятгарон: Кабир Салимшоев, Аббос Андалибов, Бежан Нишонбойзода, Меҳрубон Каримов (ҳама – «Локомотив-Помир»), Кароматулло Боронов (Академияи футболи ФФТ), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Азизбек Далиев («Регар-ТадАЗ»), Абдулло Шарипов (РШВСМ);

Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳи Худойдодзода, Сунатулло Азизов, Асадбек Ҷурабекзода, Хуршед Давлатзода (ҳама – «Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.

Бозиҳои дӯстона

23 декабр (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати 14:00

Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16)

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

26 декабр (шанбе)

Оғози бозӣ соати 14:00

Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16)

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

АМИТ «Ховар»

Tags: