ФУТБОЛ. Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо бозингари нав аз Аврупо шартнома баст

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баҳри пурзӯр кардани ҳайати даста бо нимҳимоятгар аз Босния ва Ҳертсоговина Денис Беганович шартнома баст.  

Муҳлати қарордоди футболбози ҷадид бо дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе як солро дар бар мегирад. Беганович 10 июл ба даста ҳамроҳ гашта, дар айни замон дар ҷамъомади таълимию тамринии бошгоҳ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки Денис Беганович 23 марти соли 1996 таваллуд шудааст. Қадаш – 185 см ва вазн – 82 кг аст. Ба ҳайси футболбози касбӣ дар дастаҳои футболи «Железничар», «Слобода Тузла» ва «Ком Подгоритса» ҳунарнамоӣ кардааст. Ҳамчунин дар ҳайати дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19 ва то 21-солаи Босния ва Ҳертсоговина ҳунарнамоӣ намудааст.

Қобили тазаккур аст, ки Денис Беганович ҳамагӣ дар 212 бозӣ вориди майдон гашта, дар ҳисоби худ 27 гол ва 12 партофти головар дорад.

Tags: